280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза сӯхтаанд ё зарар дидаанд. Мақомот сӯхтор дар бозори Панҷакентро шарҳ доданд

Шаби гузашта дар бозори "Гулистон"-и ҷамоати Матлуботи шаҳри Панҷакент, ки бо номи "латтабозор" маъруф аст, сӯхтор сар задааст. Аз Шӯъбаи оташнишонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” гуфтанд, оташсӯзӣ худуди соати 22:10 рӯзи 12-уми ноябр аз даромадгоҳи бозор оғоз шуда, масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифта, соати 2:30 рӯзи 13-уми ноябр хомӯш карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаби гузашта дар бозори "Гулистон"-и ҷамоати Матлуботи шаҳри Панҷакент, ки бо номи "латтабозор" маъруф аст, сӯхтор сар задааст.

Аз Шӯъбаи оташнишонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” гуфтанд, оташсӯзӣ худуди соати 22:10 рӯзи 12-уми ноябр аз даромадгоҳи бозор оғоз шуда, масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифта, соати 2:30 рӯзи 13-уми ноябр хомӯш карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Инстаграм навишт, ки дар бораи сӯхтор тахминан соати 22:33 хабар гирифта, барои хомӯш кардани он 7 нақлиёти оташнишонӣ ва 4 нақлиёти обкашонии муассисаи зертобеаш дар шаҳри Панҷакентро бо 87 ҳайати шахсӣ сафарбар кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мураба доман густурда, соати 02:30 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст.

“Дар вақти азназаргузаронӣ ҷойи ҳодиса муайян карда шуд, ки 280 нуқтаи фурӯши савдо дар зери соябонҳо қарор дошта ва 20 мағозаҳое, ки дар ҳамшафати бозор ба фурӯши молу ашёҳои рӯзғор ва либоса машғул буданд, сӯхта зарар диданд. Аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 миллион сомонӣ молу амволи бозори мазкур ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ наҷот дода шуд”, – навиштааст Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Ба навиштаи ин ниҳод, ҳоло сабаби сӯхтор таҳқиқ мешавад.

Бояд зикр кард, ки солҳои пеш ҳам дар бозорҳои кишвар сӯхтор сар зада буд ва дар аксар ҳолат, мақомот сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо гуфта буданд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио