Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, то имрӯз бо Тоҷикистон чанд хона, иншооти иҷтимоӣ ва замин табодул шудааст

Asia-Plus

То дирӯз, (12-уми ноябри соли 2025) дар пайи созиши марзӣ бо Қирғизистон, Тоҷикистон посгоҳи сарҳадӣ дар минтақаи Лаккон, 198 хона, 84 қитъаи замин, 12 иншооти иҷтимоӣ дар Исфараро ба Қирғизистон додааст. Дар иваз, Қирғизистон дар Ботканд 181 хона, 133 қитъаи замин ва 8 иншооти иҷтимоиро ба Тоҷикистон супурдааст.

Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ додааст.

Ба иттилои номбурда, то ба ҳол Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 120 километр симхор кашида, сутунҳои оҳану бетонӣ насб кардааст ва барои сокинони минтақаҳои ивазшуда 181 хона сохтааст. 

Ӯ гуфтааст, ки то имрӯз Тоҷикистон дар минтақаҳои Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи-Аъло ва қитъаи Орто-Боз дар ноҳияи Исфара 198 хона, 84 қитъаи замини холӣ, 12 иншооти иҷтимоӣ ва посгоҳи сарҳадӣ дар минтақаи Лакконро ба Қирғизистон додааст.

Дар навбати худ, ҷониби Қирғизистон дар минтақаи Қарабоқ, деҳаҳои Достук, Добо, Оқ-Татир, Таш-Тумшуқ, Кок-Терек ва қитъаи Тескеи Ботканд 181 хона, 133 қитъаи замини холӣ ва 8 иншооти иҷтимоиро ба Тоҷикистон супурдааст.

“Яъне, иваз тақрибан баробар шуд, онҳо ба мо 198 хона доданд, мо 181, онҳо 84 қитъаи холӣ, мо 133, онҳо 12 иншооти иҷтимоӣ, мо 8, онҳо ду посгоҳ доданд, мо якто”, – гуфтааст Тошиев. 

Номбурда гуфтааст, ки заминҳои барои кишвараш муҳиму стратегиро ба Тоҷикистон надоданд, танҳо он иншоот, ки арзиши амалӣ надоштанд, аз марказ дур буданд ё бо тартиби “шоҳмот” ҷойгир шуда, хатти сарҳадро муайян кардан номумкин буд, иваз карда шуданд, то масъала пурра ҳал шавад.

Қамчибек Тошиев гуфтааст, ки сокинони деҳаҳои Достук, Добо, Таш-Тумшуқ, Кок-Терек, Мазоит ва Теске ба деҳаи Достуки нав пурра  кӯчонида шуда, барои онҳо 81 хонаи нав сохта шудааст.

“Ҳеҷ як оила бехона намонд. Хонаҳо нав ҳастанд ва дар наздашон қитъаи замин дар ҳаҷми 10 содих барои сохтмони хонаҳо барои фарзандонашон дода шуд. Барои барқарор кардани хоҷагиҳои онҳо ҳукумат 300 миллион сом (каме бештар аз 3,4 млн доллар) ҷудо кард, ки аз ин миқдор 225,5 миллион ба ноҳияи Ботканд ва 73,5 миллион ба ноҳияи Лейлек таалуқ дорад. Ин маблағ барои ҷуброни хонаҳо, заминҳои боқимонда, сохтмонҳои хоҷагӣ ва дарахтони мевадиҳанда ҷудо шуданд. Мо сокинонро бе кӯмак нагузоштем, ҳамаи онҳо хона, замин ва ҷуброн гирифтанд”, – гуфтааст Тошиев.

Номбурда таъкид кардааст, ки корҳои мушаххасгардонии марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра анҷом ёфтанд.

“…ҳоло ҳама дақиқ медонанд, ки марзи давлатӣ аз куҷо мегузарад, кадом замин ба кӣ тааллуқ дорад ва кӣ барои он масъул аст. Аз ин пас дигар бетартибӣ, низоъ ва норавшании қаблӣ нахоҳад буд. Ҳама қитъаҳо сабт шудаанд ва ба харитаҳои давлатӣ ворид гардидаанд”,- таъкид кардааст ӯ.

Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи оғози симхоркашии сарҳади худ бо Қирғизистон ва кӯчонидани сокинонаш хабар надодааст. Вале сокинони мегӯянд, сарҳад аз ҷониби Тоҷикистон низ симхор кашида шудааст

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...