Аз Турсунзодаву Қаноат то Низорамоҳ Зарипова. Китоби наве бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор шуд

Дар Тоҷикистон китоби тозае бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор гардид, ки аз таърихи таъсис ва корномаи аъзоёни “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ” бо бурҳону санадҳои таърихӣ нақл мекунад. Дар фасли алоҳидаи ин китоб корномаи раисон ва фаъолони ин кумита, ки дар таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон саҳм доштаанд, мунташир шудааст. Китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” […]

Дар Тоҷикистон китоби тозае бо унвони “Тоҷикистон дар масири сулҳ” интишор гардид, ки аз таърихи таъсис ва корномаи аъзоёни “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ” бо бурҳону санадҳои таърихӣ нақл мекунад. Дар фасли алоҳидаи ин китоб корномаи раисон ва фаъолони ин кумита, ки дар таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон саҳм доштаанд, мунташир шудааст.

Китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 75-умин солгарди таъсиси “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ” рӯйи чоп омадааст.

Китоб аз чор фасл иборат буда, фасли аввал силсилаи мақолаҳоро дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба таҳкими сулҳ фаро мегирад. Дар он аксҳои таърихӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон то маросими савгандёдкунии ӯ ҷо дода шудаанд.

Фасли дуввуми китоб корнома ва саҳми раисони “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ”, аз ҷумла, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Юсуф Носиров, Наримон Бақозода ва дигар раҳбарони кумитаро дарбар мегирад.

Дар фасли сеюм аз аъзои фаъоли Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ, чун Низорамоҳ Зарифова, Ҳамро Тоҳирова, Гулназар Келдӣ, Марям Исоева, Саодат Азизова ва дигар фаъолон, ки дар таҳкими сулҳ саҳм доштаанд, ёд шуда, хидматҳои онҳо дар ин робита таъкид мешавад.

Дар фасли охир аксҳои таърихӣ, ки бозгӯи ҳаводиси муҳими таърихи кишвар ва ё зиндагии шахсиятҳои калидӣ мебошанд, мунташир шудаанд.

Дар умум, китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” ҷодаи 75-солаи “Кумитаи сулҳу ризоияти миллӣ”-ро дар як маҷмуа гирд овардааст.

Бояд гуфт, мураттиби китоб Латофат Шарипова буда, Кароматулло Олимов ва Сайфулло Сафаров муҳаррирони масъули он мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.