Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мегардад.

Дар ин ҷаласа ҳайатҳои парлумони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат мекунанд. Дар нишаст, роҳбарону вакилони парлумони ин кишварҳо масъалаҳои “таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

– Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2025” баргузор мешавад. Ин чорабинӣ то 15-уми ноябр дар Маркази “ЭКСПО”-и Душанбе сурат гирифта, дар он ширкатҳои Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Русия маҳсулоту хидматрасониашонро муаррифӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳ сокинон имкон доранд, аз соати 10:00 то 17:00 молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд. Даромад ба чорабинӣ озод аст.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони кишварҳои гуногунро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Дар Тоҷикистон расадхонаи ситорашиносӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2017 – Шабакаи нави телвизиони мусиқии “Шаҳнавоз” дар Тоҷикистон ба пахши барномаҳои худ оғоз намуд.

Соли 2017 – Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони тоҷик дар Мусобиқоти ҷаҳонии самбо, ки дар  шаҳри Сочӣ баргузор шуд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Соли 2023 – “Алиф Бонк” барои анҷоми фаъолияти брокериву дилерӣ ва идоракунии портфели коғазҳои қиматнок иҷозатнома гирифт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1896 – Мавлуди Абдулло Ёрмуҳаммадов, аввалин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулло Ёрмуҳаммадов

Абдулло Ёрмуҳаммадов, ки бо номи “Абдулло-командир” яке аз шахсиятҳои таъсиргузори давраи ташаккули ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ва нахустин вазири корҳои дохилии Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи чорсолаи Самарқанд соли 1914 фаъолияти кории худро ҳамчун котиб ва тарҷумон дар идораи уезди Каттақӯрғон оғоз намудааст.

Баъди пирӯзии инқилоби Октябр, ӯ ба кори давлатӣ гузашта, солҳои 1917–1919 сардори идораи пулиси шаҳри Каттақӯрғон, баъдан раиси Комиссияи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашон ва ваколатдори мубориза бар зидди ҳаракатҳои зиддиинқилобӣ дар ҳамон уезд таъйин гардид.

Солҳои 1921-1923 Ёрмуҳаммадов ҳамчун раиси Комиҷроияи вилояти Самарқанд фаъолият дошт. Баъдан дар вазифаҳои баландтар, муовини Комиссари корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон, баъд Комиссари корҳои дохилии Туркистон ва сардори Экспедитсияи Қизилқум буд.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1924, Абдулло Ёрмуҳаммадов аввалин вазири корҳои дохилӣ таъин гардид ва то соли 1927 дар ин вазифа буд.

Аз соли 1927 то соли 1940 ӯ дар Қазоқистон ҷонишини Комиссари мардумии савдо, раиси Комиҷроияи шаҳрҳои Семипалатинск ва Олмотӣ, сардори хоҷагии об, Комиссари мардумии адлия ва сарарбитри вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ буд. Ӯ моҳи сентябри соли 1940 дар ин шаҳр даргузашт. 

Ба эҳтироми бузургдошти ӯ, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Абдулло Ёрмуҳаммадов- “Абдулло-командир”  номгузорӣ шудааст.

Соли 1948 – Зодрӯзи Қозимамад Абдуламонов, агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ.

Соли 1972 – Зодрӯзи Нигина Шарифова, вакили феълии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Соли 1993 – Мавлуди Сабина Тағойназарова, варзишгари тоҷик, дуввумин варзишгари зан дар Тоҷикистон, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар риштаи таэкван-до (ITF)-ро соҳиб шудааст.

Соли 2023 – Аслам Додихудоев, рӯзноманигори тоҷик дар 77-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 13-уми ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии накӯкорӣ таҷлил мегардад. Ин сана соли 1998 дар шаҳри Токио ба муносибати ифтитоҳи нахустин Конфронси Ҷунбиши ҷаҳонии накӯкорӣ муайян шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯз ба одамон ёдрас мекунад, ки анҷом додани як кори нек душвор нест, вале метавонад ба атроф таъсири мусбӣ расонад.

Дар бисёр кишварҳо ба ин муносибат маъракаҳои хайриявӣ, чорабиниҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд.

Ҳамзамон, 13-уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии нобиноён низ таҷлил мешавад. Ин сана аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба ифтихори зодрӯзи Валентин Гаюи, омӯзгори маъруфи фаронсавӣ, ки нахустин мактабҳо ва корхонаҳоро барои нобиноён дар Порис ва Санкт Петербург таъсис дода буд, муқаррар гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти одамони дорои нуқсони биноӣ ва таъкид ба зарурати кӯмак ва дастгирии онҳо мебошад. Ба иттилои СУТ, ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар ба бемориҳои гуногуни чашм гирифторанд, ки аз ин шумора 36 миллион нафар пурра нобино мебошанд.

13-уми ноябри соли 1907 Пол Корню, механики фаронсавӣ тавонист нахустин бор дар таърих бо чархбол ба осмон парвоз кунад. Ин рӯйдод оғози давраи нави ҳавонавардӣ ҳисобида мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Корню чархболи худро аз қисмҳои одии механикӣ сохта, тавонист онро амудӣ ба баландии тақрибан 50 сантиметр боло барад ва 20 сония дар ҳаво нигоҳ дорад.

Гарчанде чархболи ӯ пурра идорашаванда набуд, аммо кӯшиши Корню барои идоракунии чархбол як қадами муҳим дар рушди технологияҳои ҳавоӣ гардид. Ӯ барои беҳтар кардани устувории дастгоҳ зери чархҳо сатҳҳои махсус гузошт, ки ҷараёни ҳаворо идора мекарданд.

Танҳо соли 1922 муҳандисон тавонистанд чархболи устувори пурра идорашаванда созанд, ки минбаъд ба таври васеъ дар ҳавонавардии ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ истифода шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 8+13º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 12+14º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...