Тоҷикистону Эрон хатсайрҳои нави ҳавоӣ боз мекунанд: ба Киш ва Машҳад

Тоҷикистон ва Эрон хатсайрҳои ҳавоии нав боз мекунанд, ки "ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ҳамлу нақли бору мусофирон" равона шудааст. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аз ҷумла, рӯзи 17-уми ноябр ширкати ҳавопаймоии эронии “Раймонд Эйрлайнз” парвозҳои навро дар масири Машҳад–Душанбе–Машҳад оғоз мекунад. Парвозҳо дар ин самт ҳафтае ду маротиба сурат мегиранд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Эрон хатсайрҳои ҳавоии нав боз мекунанд, ки "ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ҳамлу нақли бору мусофирон" равона шудааст. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, рӯзи 17-уми ноябр ширкати ҳавопаймоии эронии “Раймонд Эйрлайнз” парвозҳои навро дар масири Машҳад–Душанбе–Машҳад оғоз мекунад. Парвозҳо дар ин самт ҳафтае ду маротиба сурат мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, аз 28-уми ноябр парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйрлайнз” дар хатсайри Киш-Душанбе-Киш низ ба нақша гирифта шудааст.

Ин масоил зимни вохӯрии Ҳабибулло Назарзода, директори Оҷонсӣ бо Ҳусейн Пурфарзон, президенти маъмурияти авиатсияи граждании Эрон баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин, нақшаҳои боз намудани хатсайрҳо ба самтҳои зерин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

Киш – Душанбе

Киш – Хуҷанд

Шероз – Душанбе.

Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи сиёсати "Осмони кушод" дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон "барои хидматрасонӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии байнулмилалӣ 40% тахфиф пешбинӣ шудааст, ки баҳри ҳавасмандии рушди ҳамлу нақли байнулмилалии бору мусофирон нигаронида шудааст".

Ғайр аз ин, дар рафти мулоқот, ҷонибҳо ба масоили такмили ихтисоси кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва роҳандозии давраҳои омӯзишу таълим низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Айни ҳол байни ду кишвар аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Эрон ширкати ҳавопаймоии “Вориш Эйрлайнз” парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.