“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

 

“Мо аз бонкҳо қарз гирифта, барои мавсими тирамоҳу зимистон бор оварда будем. Акнун намедонем, ки ин қадар зарарро чӣ гуна рӯйпӯш кунем ва ин моҳ аз кадом ҳисоб маблағи қарз аз бонкро пардохт кунем”, – мегӯяд яке аз фурӯшандаҳои бозори “Гулистон” дар шаҳри Панҷакент, ки чанд рӯз пештар ба коми оташ рафт.

Ҳамсӯҳбати мо ягона савдогаре нест, ки аз сӯхтори бозор зарар дидаву ҳамакнун дар андешаи ҷуброни он аст. Мисли ӯ садҳо тоҷир аз сӯхтор дар бозор зарар дидаанд ва ҳоло намедонанд чӣ кор кунанд.

“Азия-Плюс” бо чанд савдогари бозори мазкур ва намояндаи ҳукумати шаҳри Панҷакент дар хусуси зарари расида, ҷуброни он ва нақшаи ояндаашон сӯҳбат кард.

Бояд гуфт, сӯхтор дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, шаби 12 ба 13- уми ноябр сар зад. Тибқи иттилои расмӣ, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мурабаъ доман густурда, дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхта ё зарар диданд.  

 

“Аз бонк қарз гирифта, бор оварда будем”

Зибинисо Халилова, соҳибкоре, ки мегӯяд, дар ин бозор матоъ мефурӯхт ва дар пайи сӯхтор беш аз 200 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

“Куллан сӯхт, чизе аз дӯкон боқӣ намонд. Дар мағоза пули савдоро низ гузошта будам, он ҳам сӯхт. Бар замми ин, аз бонк қарз гирифта будам. Роҳбарияти бозор гуфтанд, ки дар муддати як моҳ бозорро сохта, ба мо ройгон дӯкон медиҳанд”, – гуфт Халилова.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки қариб 30 сол инҷониб ба тиҷорат машғул будааст, мегӯяд аз бонк ба номи худ ва духтараш қарз гирифта, бор оварда буд, ки ба коми оташ рафт.

 

“Дар тиҷорат корҳо бад шуданаш мумкин аст. Духтарам аз бонк қарз гирифт, то вазъи молии мағозаро хубтар кунад. Аммо чунин ҳодиса руй доду мо зарари калон кардем. Мо вақташба пули андозро месупурдем, умедворам ҳарчӣ зудтар мушкилии савдогарон бартараф шавад”, – гуфт ин савдогар. 

 

“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”

Савдогари дигари ин бозор, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, намедонад чӣ тавр зарарро ҷуброн кунад.

“Қариб 50 ҳазор доллар (муодили қариб 500 ҳазор сомонӣ) зарар кардем. Ҳозир, ки мавсими тирамоҳу зимистон фаро расидааст, барои бор аз бонк қарз гирифта будам. Ҳатто бо пулҳое, ки пасандоз карда будам, бор овардем, то савдо кунему қарзи бонкро пардохт кунем. Аммо дар насибу тақдир ҳамин будааст”,- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ бо изтироб мегӯяд, ки чӣ кор карданро намедонад ва умедвор аст, ки ҳадди аққал масъулин дуконашро барқарор мекунанд.

“Дар хона нишастааму дар фикр фурӯ рафтаам, ки чӣ тавр ин ҳама хисоротро рӯйпӯш кунам, қарзи бонкро диҳам. Роҳбарияти бозор мегӯянд, ки бозорро месозанд, аммо то барқарор шудани бозор зиндагиро пеш бояд бурд. Давоми 17 соле, ки дар ин бозор савдо мекунам, ягон бор чунин ҳодиса рух надода буд, ҳатто дуздӣ намешуд. То ҳол намедонам, ки бо чӣ сабаб ин сӯхтор сар задааст”, – бо нигаронӣ афзуд ӯ.

 

“Ду дӯконамон бо чизу чорааш сӯхт”

Дилфуза Мардонова, савдогари дигар мегӯяд, дар пайи сӯхтор мағозаи либосвории худ ва дӯкони шаҳвараш сӯхтааст. Ӯ низ мегӯяд, аз чанд бонк қарздор аст ва дар ин сӯхтор беш аз 500 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

“Қариб 120 ҳазор сомонӣ қарз, боз аз бонк ба номи бародарам қарз гирифта будем. Ҳудуди 18 сол аст савдогар ҳастам дар мағоза, рӯмолу дастмол мефурӯхтам. Шавҳарам бошад, дар дӯконаш ҷувздон мефурӯхт, ки ба коми оташ рафт. Меҳнати чандсолаам барбод рафт. Фарзандони ноболиғ дорам, як писарам донишҷӯ аст, акнун ҳайронем, ки чӣ кор кунем”-, нақл кард номбурда. 

 

Ҳукумати шаҳр: Бозор барқарор карда мешавад

Аз ҳукумати шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ҳайати корӣ аз намояндагони ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани сабаби сӯхтор ва хисороти он дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. 

“Нисбати ин ҳодиса қарори қонунӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор қабул карда мешавад. Ситоди доимамалкунанда ҷиҳати ба рӯйхатгирии савдогарон ташкил шудааст, ки зарари ба савдогарон расидаро ҳисоб мекунанд ва ба муроҷиати онҳо посух мегӯянд. Ҳоло фаъолият идома дошта, сабабу хисорот муайян ва тасмим дар хусуси барқароркунӣ ё кӯчонидани бозор гирифта мешавад”, – гуфтанд аз ҳукумати шаҳр. 

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар баробари роҳбарияти бозор инчунин ҳукумати шаҳр низ ба савдогарон кӯмак мекунад. Аммо чӣ гуна кӯмак дақиқ нагуфтанд.

 

Кӯшиши мо барои сӯҳбат бо роҳбарияти бозори “Гулистон” бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, тибқи хабари мақомот, қисме аз молу колои бозор ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Аммо дар наворҳои баъди сӯхтор нашршуда мушоҳида мешавад, ки бозор қариб пурра сӯхтааст.

Бояд зикр кард, ки солҳои пеш ҳам дар бозорҳои кишвар сӯхтор сар зада буд ва дар аксар ҳолат, мақомот сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо гуфта буданд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...