Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, навиштааст, дар он раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам раисҷумҳури Озорбойҷон,  роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок мекунанд. Бояд гуфт, раисҷумҳури Озарбойҷон аллакай […]

Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, навиштааст, дар он раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам раисҷумҳури Озорбойҷон,  роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, раисҷумҳури Озарбойҷон аллакай соли сеюм аст, ки дар мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

“Рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад. Дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат мегирад”, – навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки дар натиҷаи вохӯрии машваратӣ қабули бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба пешбинӣ мешавад.

Дар бораи иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқоти машваратӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон иттилои расмӣ ироа накардаанд.

Бояд зикр кард, ки ташаббуси баргузории машваратҳои мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2017 пешниҳод шуда буд. Мулоқоти аввал соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.