Сохтмони метро дар Душанбе. Оғози арзёбии лоиҳаи бунёди шохаи дуюми он

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон амалисозии се лоиҳаи бузург дар соҳаи нақлиёт бо иштироки ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ оғоз мегардад.

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки Ёддошти тафоҳуми дахлдор дар ин хусус ҳафтаи гузашта дар пайи гуфтушунид бо як қатор ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расид.

Гуфтушунидҳо бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Бонки содиротӣ ва воридотии Корея ("Eximbank"), "PwC Korea", консорсиумҳои "University of Seoul Industry Academic Cooperation Foundation", "Sejongggineering Co., Ltd" ва "Sejongggineering co., Ltd. Ltd" баргузор шуданд.

Ҷонибҳо аз ҷумла дар мавриди оғози таҳияи лоиҳаи пешакии арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 (аз бинои Сирки давлатӣ то “Дарвозаҳои шарқӣ”-и шаҳр), инчунин лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масоили сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин оғози амалисозии лоиҳа оид омода намудани арзёбии фанниву иқтисодӣ ва таҳияи лоиҳаи пешбинишудаи сохтмони маркази логистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба нақша гирифта шуд.

Гуфта мешавад, лоиҳаҳои зикршуда, ки тибқи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея татбиқ мегарданд, бояд аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ карда шаванд.

Қаблан дар Вазорати нақлиёт дар бораи нақшаи сохтмони метрои рӯизаминӣ бо масофаи зиёда аз 10 км аз Дарвозаҳои ҷанубӣ то Сирки давлатӣ хабар дода буданд.

Моҳи октябри соли гузашта масъулини ин вазорат аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии навбатӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ изҳор доштанд, ки метро дар Душанбе зеризаминӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 14 марти соли 2022 Вазорати нақлиёт ва корпоратсияи “Роҳи оҳани миллии Корея” (Korean National Railway) дар бораи омӯзиши имкони сохтмони метро дар Душанбе Ёддошт ба имзо расониданд. Бар асоси ин санад мутахассисони ду кишвар ҷанбаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии лоиҳаро мавриди таҳлил қарор доданд.

Моҳи августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ, ки на танҳо ба маблағгузории корҳои пешакии таҳқиқӣ, балки таҳияи муфассали лоиҳа ризоият дод, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Барои баргузор намудани корҳои пешакӣ Бонки Кореяи Ҷанубӣ 200 ҳазор доллар маблағ пешниҳод мекунад.

Аз ҳисоби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва корпоратсияи “Роҳи оҳани миллии Корея” ҷиҳати баррасии масоили марбут ба сохтмони метро гурӯҳи кории доимоамалкунанда таъсис дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...