Идомаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул. Баррасии “амният ва мушкилоти марзӣ” бо вазири сарҳадоти Толибон

Ҳайати Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон* дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора шабакаи “Ому” бо такя ба хабари расмии Толибон иттилоъ дода, навиштааст, ки ин мулоқот рӯзи 17-уми ноябр сурат гирифта, дар он ҷонибҳо “амният, мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба”-ро баррасӣ […]

Ҳайати Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон* дидору гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора шабакаи “Ому” бо такя ба хабари расмии Толибон иттилоъ дода, навиштааст, ки ин мулоқот рӯзи 17-уми ноябр сурат гирифта, дар он ҷонибҳо “амният, мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба”-ро баррасӣ кардаанд.  

Ба иддаои Толибон, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин дидор гуфтааст, ки Тоҷикистон мутааҳид ба густариши ҳамкориҳо, ба вижа дар бахши иқтисодӣ, бо Афғонистон аст. Ӯ бо баёни он ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд, афзудааст, ки ду тарф бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марзро аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд.

Вазифаи Абдулвоҳид Мирзозода дар расонаҳои Тоҷикистон гуногун шарҳ дода шудааст. Ҷое ӯро сардори раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Неруҳои марзбонӣ ва ҷои дигар муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ муаррифӣ кардаанд.

Дар ин дидор Нуруллоҳ Нурӣ иддао кардааст, ки Толибон бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза мебаранд ва “субот дар марзи муштарак” нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад.

Дидори мақомҳои тоҷикистонӣ бо намояндаҳои марзбонии Толибон дар ҳолест, ки дар чанд моҳи гузашта расонаҳо ҳадди ақал аз ду ҳолати даргирии нерӯҳои Тоҷикистон бо Толибон дар марз бо Афғонистон гузориш додаанд.

Пеш аз ин расонаҳо аз дидори ҳайати Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон хабар дода буданд.

 

Вазорати хориҷаи Толибон дар изҳороте, ки дар шабакаи иҷтимоии “X” нашр шуд, навишт, ки ҳайати Тоҷикистонро "намояндаи вижа"-и ин кишвар дар умури Афғонистон раҳбарӣ мекард ва ҷонибҳо таҳким ва густариши муносибатҳо дар “бахшҳои равобити дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ”-ро баррасӣ карданд.

Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон дар ин дидор гуфтааст, ки "равобит бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф рушд мекунад ва умедворем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди пешрафти чашмгир дар равобити ду кишвари бародар ва ҳамсоя бошем".

Дар изҳороти вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон, низ “ба тақвияти ҳар чӣ бештари муносибатҳо ва ҳамкориҳои наздик дар бахшҳои мухталиф” бо Афғонистон итминон додааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди фиристодани ҳайате ба Кобул то кунун вокунише нишон надодаанд. Ба навиштаи расонаҳои афғонистонӣ, ҳайати Тоҷикистон, ки 14 нафарро дарбар мегирад, иборат аз мақомҳои амниятӣ, истихборотӣ, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ аст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз гузориш дода буданд. Гуфта мешавад, ин ҳайат бо даъвати Толибон ба Қундуз рафта, бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят дидор кардааст.

Пеш аз ин хабаргузориҳо навишта буданд, ки Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе сафар карда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон вохӯрдааст. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар кард.

Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро тасдиқ ё рад накарданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.