Нахустнамоиши “Достони Пирсар”-и Нозим Меликов бо ширкати вазири фарҳанги кишвар

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шоми дирӯз, 19-уми ноябри соли равон дар театри “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши “Достони Пирсар” бо коргардонии Нозим Меликов, ки аз маъруфтарин коргардонҳои кишвар ва аз шогирдони Фаррух Қосимов аст, бори аввал ба саҳна гузошта шуд. Дар миёни аҳли санъат, ҳунармандон, зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони санъати театрӣ, ки ба тамошои нахустнамоиши “Достони Пирсар” омада буданд, […]

Шоми дирӯз, 19-уми ноябри соли равон дар театри “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоиши “Достони Пирсар” бо коргардонии Нозим Меликов, ки аз маъруфтарин коргардонҳои кишвар ва аз шогирдони Фаррух Қосимов аст, бори аввал ба саҳна гузошта шуд.

Дар миёни аҳли санъат, ҳунармандон, зиёиён, рӯзноманигорон ва ҳаводорони санъати театрӣ, ки ба тамошои нахустнамоиши “Достони Пирсар” омада буданд, аз ҷумла, Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар ҳамроҳи муовинаш низ буданд. Дар маҷмуъ, театр аз тамошобинон пур буд ва ҳатто аксарият дар роҳравҳо намоишро тамошо мекарданд.

Ин аз камтарин намоишномаҳое буд, ки вазири фарҳанг шахсан дар он ширкат мекунад.

 

“Ишқ низоъро барҳам мезанад”

“Достони Пирсар” бар пояи достони “Зол ва Рудоба”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шуда, қиссаи ба ҳамагон маъруфи Золро, ки дар кӯдакӣ аз падар ҷудо шуда, дар оғӯши Симурғ бузург мешавад, бо тибиши нав пеши назари бинанда ҷилва дод.

Исми "Пирсар" ҳамчун гузинаи дигари "Достони Зол" истифода шудааст, зеро Зол, писари Сом бо мӯйи сафед таваллуд шуд ва вожаи "пирсар" ишора ба сафедии мӯйи сари ӯст.

Ба гуфтаи худи Нозим Меликов, паёми асосии ин намоиш васфи ишқ аст:

“Ишқ, чуноне Достоевский мегӯяд, “наҷотдиҳандаи зиндагист”, ишқ низоъро барҳам мезанад, ишқ тавлидкунандаи сулҳ аст,  ишқ одамонро ба ҳам меорад, гармӣ медиҳад, офтоб меорад, ишқ хусуматҳои мазҳабиро аз байн мебардорад, пайвандгар, васлкунанда, бунёдкор аст, ишқ ҷон аст”.

Баъди анҷоми намоиш ҳозирин чанд дақиқа бо кафкӯбии бардавоми худ аз намоиш истиқбол карданд. Тамошобинон дар роҳравҳои толор ва берун аз он низ аз ҳунари коргардонии Нозим Меликов тавсиф ва аз дидани дубораи ӯ дар саҳна изҳори хушҳолӣ мекарданд.

Ин намоиш баъди ду соли танаффуси Нозим Меликов аз коргардонӣ ба саҳна омад. Охирин намоишномае, ки қабл аз ин ӯ рӯйи саҳна овард, “Иштибоҳ” буд, ки соли 2023 дар озмуни “Парасту” мақоми аввалро соҳиб гардид.

Нозим Меликов ҳоло коргардони Театри давлатии ҷавонон буда, бо даъвати роҳбари Театри Аҳорун дар ин театр намоиш ба саҳна гузошт.

Аксари ҳунармандон, бо таъкиди он ки Нозим Меликов парвардаи дасти “Аҳорун” аст, дар толори ин театр ба саҳна омадани намоиши “Достони Пирсар”-ро фоли нек хонданд.

Ҳамчунин таъкид намуданд, ки ин намоиш “ҳавое аз корҳои собиқаи Театри Аҳорун дошт” ва метавон услуби корҳои Фаррух Қосимро дар он дид.

Ба гуфтаи коргардон, намоишнома тақрибан дар ҳудуди ду моҳ таҳия шудааст.

Бояд гуфт, Нозим Меликов парвардаи мактаби Фаррух Қосим аст, ки дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар фазои ҳунари театрии тоҷик илқилоб ба вуҷуд овард ва мактаби театри миллиро асос гузошт.

Нозим Мелик дар тӯли фаъолияташ беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба хазинаи театрӣ овардааст. Ӯ аз аввалин коргардонҳои театр аст ки театри оҷикро то ба он сӯи Уқёнус – Амрико бурд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев то даргузашти Самад Ғанӣ ва Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ