Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони тоҷик, инчунин, набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин нигарониҳо дар ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 19-уми ноябр дар Брюссел баргузор гардид, зикр шудааст.

Ин ҳамоиш таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Константинос Комбос, вазири корҳои хориҷии Кипр, ки намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятиро намояндагӣ кард, баргузор шудааст.

Дар хабарномае, ки Иттиҳоди Аврупо аз натиҷаи ин нишаст нашр кардааст, зикр мешавад, ки ин ниҳод, аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирии шиканҷа, беҳтар кардани шароити зиндонҳо, пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ талошҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро такмил диҳад ва бо ҳама шаклҳои табъиз мубориза барад.

“Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки эҳтиром ба волоияти қонун, демократикунонӣ, ҳуқуқи инсон, ҳисоботдиҳӣ… калиди тақвияти эътимоди байналмилалӣ ба фазои сармоягузории Тоҷикистон мебошанд. Иттиҳоди Аврупо зикр намуд, ки татбиқи самараноки ислоҳот барои рушди устувори кишвар ва суботи минтақавӣ муҳим аст”, – гуфта мешавад дар хабарнома.

Дар нишасти Брюссел ҳамчунин, вазъи муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории энергетикӣ, ҳамчунин масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо пуштибонии худро аз барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда, ҳамзамон пешрафти устуворро дар татбиқи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ташвиқ кардааст.

Дар идома ин ниҳод аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, муҳити зист ва захираҳои об истиқбол намуда, Тоҷикистонро ба иҷрои уҳдадориҳои он тибқи Созишномаи Порис даъват кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистон дар посух ба нигаронҳои Иттиҳоди Аврупо ба фишор болои ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигррон чӣ посух додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ин ниҳод аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки онҳоро бе қайду шарт озод кунанд. Вале то ҳол ин хостаҳо бароварда нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...