Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони тоҷик, инчунин, набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ин нигарониҳо дар ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 19-уми ноябр дар Брюссел баргузор гардид, зикр шудааст. Ин ҳамоиш таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Константинос […]

Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони тоҷик, инчунин, набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин нигарониҳо дар ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 19-уми ноябр дар Брюссел баргузор гардид, зикр шудааст.

Ин ҳамоиш таҳти роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Константинос Комбос, вазири корҳои хориҷии Кипр, ки намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятиро намояндагӣ кард, баргузор шудааст.

Дар хабарномае, ки Иттиҳоди Аврупо аз натиҷаи ин нишаст нашр кардааст, зикр мешавад, ки ин ниҳод, аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирии шиканҷа, беҳтар кардани шароити зиндонҳо, пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ талошҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро такмил диҳад ва бо ҳама шаклҳои табъиз мубориза барад.

“Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки эҳтиром ба волоияти қонун, демократикунонӣ, ҳуқуқи инсон, ҳисоботдиҳӣ… калиди тақвияти эътимоди байналмилалӣ ба фазои сармоягузории Тоҷикистон мебошанд. Иттиҳоди Аврупо зикр намуд, ки татбиқи самараноки ислоҳот барои рушди устувори кишвар ва суботи минтақавӣ муҳим аст”, – гуфта мешавад дар хабарнома.

Дар нишасти Брюссел ҳамчунин, вазъи муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории энергетикӣ, ҳамчунин масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо пуштибонии худро аз барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда, ҳамзамон пешрафти устуворро дар татбиқи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ташвиқ кардааст.

Дар идома ин ниҳод аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, муҳити зист ва захираҳои об истиқбол намуда, Тоҷикистонро ба иҷрои уҳдадориҳои он тибқи Созишномаи Порис даъват кардааст.

Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистон дар посух ба нигаронҳои Иттиҳоди Аврупо ба фишор болои ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигррон чӣ посух додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ин ниҳод аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки онҳоро бе қайду шарт озод кунанд. Вале то ҳол ин хостаҳо бароварда нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.