Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабҳои камбуд ва гароншавии гази моеъро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пайгирии бозори сӯзишворӣ нишон дод, ки аз оғози моҳи ноябр болоравии нархи бензин ва гази моеъ ба назар мерасад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

“Тағйир ёфтани нархи бензин ва гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ вобаста ба камчин гардидани маҳсулоти нафтӣ ва баланд гардидани нархи он дар бозори дохилии давлатҳои содиркунандаи он буда, характери мавсимӣ касб намудани чунин вазъият солҳои охир ба мушоҳида мерасад”, – зикр кардаанд дар Хадамот.

Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, мувофиқи фармони иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетикаи Қазоқистон аз 11 ноябри соли 2025 №432) содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муҳлати 6 моҳ манъ шуд, ки ин ба вазъи бозори дохилии кишвар таъсир расонид.

Дар Хадамот бо истинод ба омори гумрукӣ хабар медиҳанд, ки воридоти гази моеъ ба кишвар давоми моҳҳои январ-сентябри ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 6,4% кам шудааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи 198,9 млн доллар бо нархи миёнаи 683 доллар барои 1 тонна 291,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Ҳудуди 62%-и гази моеъ имсол аз Қазоқистон (180 ҳазор тонна) ва зиёда аз 38% – аз Русия (111,1 ҳазор тонна) оварда шудааст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 947,1 ҳазор тонна ба маблағи 742,6 млн доллар бо нархи миёнаи 784 доллар барои 1 тоннаро ташкил додааст, ки 78,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои зерин ворид карда шудааст:

Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон вазъияти камбуди шадиди гази моеъ ба миён омад: дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) гази моеъ нест ва дар нуқтаҳое, ки он ҳаст, бо нархи аз 5,5 то 6,7 сомонӣ фурӯхта мешавад. Охири ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ бо нархи 4,2 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ камбуди гази моеъро бо аз ҷониби Қазоқистон манъ шудани содироти ин навъи сӯзишворӣ ва маҳдудият дар ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан тариқи роҳҳои оҳани ин кишвар шарҳ доданд.

Мебояд гуфт, тайи даҳсолаи ахир гази моеъ ба туфайли нисбатан арзон будан, навъи асосии сӯзишвории автомобилӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Аввали солҳои 2010-ум ронандагони автомашинаҳо дар пасманзари болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ, тадриҷан ба истифодаи газ гузаштанд. Аллакай нимаи солҳои 2010-ум тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз гази моеъ истифода мекарданд.

Аммо тайи солҳои ахир бахусус дар пойтахт шумори мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо дар ҳоли афзоиш аст, ки талабот ба навъҳои маъмули сӯзишворӣ, аз ҷумла ба газро кам мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...