Дар Русия гирифтани суғуртаи тиббӣ барои муҳоҷирон сахттар мешавад

Думаи давлатии Русия тағйироте ба қонунеро қабул кард, ки гирифтани суғуртаи ҳатмии тиббиро барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ шадидтар мекунад. Дар ин бора Думаи давлатии Русия дар сомонаи расмии худ иттилоъ дода, навиштааст, минбаъд муҳоҷирон танҳо дар ҳолате метавонанд аз кӯмаки ройгони тиббӣ дар Русия истифода кунанд, ки ҳадди ақал панҷ сол дар […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия тағйироте ба қонунеро қабул кард, ки гирифтани суғуртаи ҳатмии тиббиро барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ шадидтар мекунад.

Дар ин бора Думаи давлатии Русия дар сомонаи расмии худ иттилоъ дода, навиштааст, минбаъд муҳоҷирон танҳо дар ҳолате метавонанд аз кӯмаки ройгони тиббӣ дар Русия истифода кунанд, ки ҳадди ақал панҷ сол дар ин кишвар қонунӣ кор карда бошанд. Танҳо ҳолатҳои таъҷилӣ истисно ҳастанд.

Мувофиқи қонуни амалкунанда, ҳоло муҳоҷирон барои гирифтани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳаддиақал се сол дар Русия бодя кор кунанд.

Вячислав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, “онҳое, ки барои кор ба Русия меоянд ва мехоҳанд аз кафолатҳои иҷтимоии сатҳи баланд бархурдор шаванд, бояд ин ҳуқуқро бо меҳнати қонунӣ ва содиқона исбот намоянд”.

Тағийрот баъди имзои президенти Русия ба ҳукми иҷро медарояд.

Полиси тиббӣ ҳуҷҷати расмиест, ки шахсро ба низоми суғуртаи тиббӣ мепайвандад ва ҳуқуқи гирифтани хидматрасонии тиббиро дар доираи суғурта кафолат медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки Думаи давлатии Русия соли 2022 дар бораи таъсис додани фонди иҷтимоӣ қарор қабул карда буд. Мувофиқи он, муолиҷаи муҳоҷирон бо асосҳои умумӣ танҳо пас аз се соли баъди аз ҷониби корфармо пардохт шудани ҳақмузди суғуртавӣ, шурӯъ мегардид.

То он лаҳза муҳоҷирон ҳангоми ба кор қабул шудан дар Русия ба корфармо полиси суғуртаи тиббии иловагиро пешниҳод мекарданд ё худи корфармо барои пешниҳоди хидматрасониҳои тиббӣ ба коргарон қарордоди тиҷоратӣ мебаст.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.