Ҳар рӯз беш аз 1,5 млн сомонӣ. Аз ҳисоби ҷаримаву муҷозот ба буҷети кишва 415 млн сомонӣ ворид шудааст

Мақомоти Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷарима ва муҷозот 415 млн сомонӣ ба буҷети кишвар ворид кардаанд. Ин нақша нисбат ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, қариб 50% бештар иҷро шудааст. Тибқи ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2025, дар ин муддат ба буҷет аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷарима ва муҷозот 415 млн сомонӣ ба буҷети кишвар ворид кардаанд. Ин нақша нисбат ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, қариб 50% бештар иҷро шудааст.

Тибқи ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2025, дар ин муддат ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо бояд 281,1 млн сомонӣ ворид мешуд.

Аммо даромади буҷет аз ин сарчашма 415 млн сомонӣ ё 147,7% нақшаро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 88 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷет 327,3 млн сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2023-юм аз ин ҳисоб 244,3 млн сомонӣ ворид шуда буд.

Аз рӯйи омори расмӣ, ҳар рӯз ба буҷети давлат аз ҳисоби ҷаримаву муҷозот ҳудуди 1,5 млн сомонӣ ворид шудааст.

Афзоиши даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандон аз ҷаримаҳои ҳангуфт шикоят мекунанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ, ҷарима барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим, қонуншиканиҳо вобаста ба идораи воситаи нақлиёт ва ғайра сангин шуда буд.

Дар Тоҷикистон музди меҳнати миёна дар моҳи январи соли 2025-ум 2661 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ба таври назаррас кам аст. Бо назардошти ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тадриҷан ба низоми ҷаримаҳои мутаносиб гузарад, ки тибқи он маблағи ҷаримаҳо вобаста ба даромади шаҳрвандон таъин карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.