Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд

Даромадҳои буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо назар ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, зиёдтар гардидаст. Ин аз ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2024 бармеояд.  Тибқи нақшаи Вазорати молия, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо бояд 176,3 миллион сомонӣ ворид мешуд. Вале даромади буҷет […]

Asia-Plus

Даромадҳои буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо назар ба интизорие, ки ҳукумати кишвар дошт, зиёдтар гардидаст. Ин аз ҳисоботи Вазорати молияи Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети давлатӣ барои 9 моҳи соли 2024 бармеояд. 

Тибқи нақшаи Вазорати молия, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо бояд 176,3 миллион сомонӣ ворид мешуд. Вале даромади буҷет аз ин сарчашма 327,3 миллион сомонӣ ё 185,6% нақшаро ташкил дод. Ин рақам ба андозаи 83 миллион сомонӣ (34%) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст. 

Соли 2023 дар моҳҳои январ-сентябр ба қисми даромади буҷет аз ҳисоби ҷаримаҳо 244,3 млн сомонӣ ва соли 2022 – 230,3 млн сомонӣ ворид гардида буд. Мутаносибан нақшаҳо аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ба андозаи 151,5% ва 216,6% иҷро шуданд.

Яъне тибқи омори расмӣ, ҳар рӯз ба буҷети давлат аз ҳисоби ҷаримаҳо тақрибан 1,2 миллион сомонӣ ворид мегардад. Маблағи ҷаримаҳо 2%-и буҷаи кишварро дар 9 моҳи соли 2024 ташкил медиҳад.

Афзоиши даромадҳо аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки шикоятҳои мардум аз зиёд шудани маблағи ҷаримаҳо бештар шудааст. Аз ҷумлаи бузургтарин ҷаримаҳо – ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои гузаронидани маросимҳои тӯй, гусел ва пешвози зоирин, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигарон мебошанд. 

Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли ҷорӣ сокинон барои вайрон кардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  7,8 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.