Меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо боз зиёд мешавад. Акнун ҳаҷми ҷарима ва дигар пардохтҳо ҳам боло меравад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Аз 1-уми январи соли 2026 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 75 сомонии ҳозира то 78 сомонӣ мерасад. 

Ин нукта дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз сӯйи ҳукумати кишвар тасдиқ шуд, зикр шудааст. 

"Аз 1 январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар карда шавад", – омадааст дар матни қонун дар бораи буҷети давлатӣ дар соли 2026

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад. 

“Нишондиҳанда барои ҳисобҳо” тибқи қонунгузории соли 2008 калимаҳои “ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат”, “музди меҳнати ҳадди ақал”, “ҳаҷми ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат”, “музди меҳнати ҳадди ақали моҳона”-ро иваз карда, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ қабул карда шудааст.

 

Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад

Аз ҷумла, ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ, ки бо қарори ҳукумати кишвар дар соли 2021-ум 750 нишондиҳанда муайян шуд, гарон мешавад. Акнун онҳое, ки мехоҳанд хидмати ҳарбии пулакӣ анҷом диҳанд ба ҷойи 56 ҳазору 250 сомонии ҳозира, соли 2026 –ум 58,5 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

Инчунин, маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло меравад. Масалан, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 соли оянда 5 ҳазору 70 сомонӣ пардохт мекунанд. Яъне 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 875 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он, аз соли оянда 6 ҳазору 552 сомонӣ пардохт мекунанд. Яъне 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ҳоло онҳо 6 ҳазору 300  сомонӣ месупоранд.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳ кардани оинаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро “ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ” марбут медонистанд.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло мерафт, вале сар аз соли 2019-ум ҳамасола зиёд мешавад.

Ҳамин тариқ, дар 10 соли охир ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳсиобҳо дар кишвар қариб як баробар- аз 40 сомонии соли 2014-2015 дар соли 2026-ум ба 78 сомонӣ расид.

Аз ҷумла, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар солҳои 2017-2018 –ум  50 сомонӣ, соли 2019 – 55 сомонӣ, соли 2020 – 58 сомонӣ, соли 2021 – 60 сомонӣ, соли 2022 – 64 сомонӣ, соли 2023 – 68 сомонӣ, соли 2024 – 72 сомонӣ ва соли ҷорӣ 75 сомониро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...