Боздошти боз як пулиси қалбакӣ дар Вахш бо гумони қаллобӣ

Asia-Plus

Як сокини 38-солаи ноҳияи Вахш бо гумони қаллобӣ ва ситонидани маблағ ва мошин аз сокинон боздошт шудааст. Ӯ худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, дар чанд ҳолат аз сокинони навоҳии Вахшу Ҷайҳун бо ваъдаҳои дурӯғин маблағҳои ҳангуфт ба даст овардааст.

Раёсати ВКД дар Хатлон аз ӯ Ғолибшоҳ Бурҳонов ном бурда, гуфтааст, ӯ аз моҳи март инҷониб ба ин кор машғул буд.

Аз ҷумла, ба иттилои мақомот, ӯ аз Ҳомид Миҳтоҷов ном сокини ноҳияи Вахш 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тавассути шиносҳояш ӯро аз адои хизмати ҳарбӣ озод мекунад.

Манбаъ мегӯяд, ӯ ҳамчунин аз Далер Мирзоев ном сокини дигари ин ноҳия бо ваъдаи озод кардан аз пардохти ҷаримаи таъинкардаи додгоҳ 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба қавли РВКД дар Хатлон, Бурҳонов аз Далер Бозоров ном сокини дигари ин ноҳия низ, ки фарзанди маъюб доштааст, 1100 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои гирифтани нафақа ба фарзандаш мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, аз Муҳаммадамин Неъмонов, ки сокини ноҳияи Ҷайҳун будааст, автомашина гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта, маблағашро пардохт мекунад, аммо на маблағро ва на мошинро ба соҳибаш баргардонидааст.

Дар наворе, ки мақомот сабт кардааст, гумонбар кирдорҳои худро тасдиқ кардааст, аммо маълум нест, ки навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Мақомот нисбати гумонбар бо иттиҳоми қаллобӣ (қисми 2-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ)  парванда боз карда, тафтиши пешакӣ оғоз кардааст.

Ин банди қонун аз 27 ҳазору 375 то 68 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян пешбинӣ мекунад.

Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз Ғолибшоҳ Бурҳонов фиреб хӯрдаанд, ба шуъбаи пулиси маҳалли худ муроҷиат кунанд.

Назари боздоштшуда дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.

Бояд гуфт, ин дуввумин ҳодиса дар ҳафтаи охир аст, ки мақомот аз боздошти “пулисони қалбакӣ” иттилоъ медиҳад. Рӯзи 19-уми ноябр барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти се ҷавон бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар хабар дода буд.

Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...