Боздошти се “пулиси қалбакӣ” бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар

Мақомот се ҷавонро бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбарон Олим Назаров, Каримӣ Муин Ҳамзазода ва Шаҳром Ятимов […]

Asia-Plus

Мақомот се ҷавонро бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд.

Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбарон Олим Назаров, Каримӣ Муин Ҳамзазода ва Шаҳром Ятимов ном бурдааст, ки сокинони навоҳии Шоҳмансур ва Фирдавсӣ будаанд.

Ба иттилои манбаъ, Олим Назаров мошини “Toyota Camry”-ро ба иҷора гирифта, таҷҳизоти махсус, аз ҷумла “серена ва мигалка” насб карда, шабона бо ҳамдастонаш дар роҳҳои мошингарди берун аз шаҳр аз ронандагон маблағ меситонидааст.

“Роҳи Ҳисор мерафтем,  ронандагонеро, ки қоидавайронкунӣ мекарданд ё дар ҳолати мастӣ мошин идора мекарданд, боздошта, маблағ меситонидем”, – гуфтааст Карими Муин Ҳамзазода дар навори ВКД.

Ба қавли мақомот, Олим Назаров ба номуси ҷавондухтаре бо таҳдиди ба мақомот дастрас намудан, дастдарозӣ кардааст.

Ба шарҳи манбаъ, гумонбарон духтарро дар сари фармони мошин манъ карда, бо сабаби надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ аз соҳиби мошин, ки дар паҳлӯяш менишастааст, 950 сомонӣ маблағ ситонидаанд.

Дар наворе, ки мақомот сабт кардааст, Олим Назаров нақл мекунад, ки вақте мошинро ба “диагностика” меорад, ронандаро бо мошинаш раҳо карда, духтарро таҷовуз мекунанд.

Маълум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Манбаъ гуфтааст, гумонбарон дар як ҳолати дигар низ аз ронандае 1000 сомонӣ ситонидаанд. Гуфта мешавад, имкон дорад ин гурӯҳ дар дигар ҳолатҳои ҷинояти тамаъкорӣ низ даст дошта бошанд.

Мақомот мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Аммо мақомот дақиқ нагуфтааст, ки нисбати онҳо бо кадом модда ва бо кадом ҷурм парванда ифтитоҳ кардааст.

Қаблан низ мақомот як мардро, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон пул мегирифт, боздошт карда буд. Ӯ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе буд, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинони маблағ меситонид.

Мақомот нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 247 қисми 3 (қаллобӣ) ва 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (дуздӣ) парванда боз карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.