Дар масҷидҳои Ӯзбекистон намози дастаҷамъии талаби борон мехонанд

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсола  пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад.

Ин пешниҳод аз сӯи Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар пайи ҳавои бебориши имсола ироа шудааст. Ба гуфтаи обуҳавошиносон, боришоти назаррас чанд ҳафта боз мушоҳида нашудааст ва рӯзҳои наздик ҳам боришот пешбинӣ нашудааст.

“Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, – навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон.

Ин ниҳод гуфтааст, ки анъанаи дуои талаби борон ё намози истисқо аз замони Паёмбар Муҳаммад (с) омадааст.

Ба иттилои Идораи мусулмонҳои ҳамсоякишвар, дар солҳои бебориш, Паёмбар бо ҷамоат рӯ ба қибла меоварданд ва намози истисқоро мехонданд. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, фазилати ин намоз дар маҷмӯи ҳадисҳо муфассал оварда шудааст.

Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд.

Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.

Намози истисқо аз ду ракъат иборат буда, одатан бо ҷамоат хонда мешавад. Дар саҳроҳо ва масҷидҳо, бахусус пас аз намоз ва ҳангоми хутбаи ҷумъа, хондани дуои борон маъмул аст. 

Қаблан, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон барои боридани борон гӯсфандро қурбонӣ карда буданд. Сокинони он мегӯянд, баъди ин, чанд рӯз борон борид, вале ин вазъи ҷиддии хушксоливу беобиро ҳал накард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...