Дар масҷидҳои Ӯзбекистон намози дастаҷамъии талаби борон мехонанд

Рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсола  пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад. Ин пешниҳод аз сӯи Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар пайи ҳавои бебориши имсола ироа шудааст. Ба гуфтаи обуҳавошиносон, боришоти назаррас чанд ҳафта боз мушоҳида нашудааст ва рӯзҳои […]

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсола  пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад.

Ин пешниҳод аз сӯи Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар пайи ҳавои бебориши имсола ироа шудааст. Ба гуфтаи обуҳавошиносон, боришоти назаррас чанд ҳафта боз мушоҳида нашудааст ва рӯзҳои наздик ҳам боришот пешбинӣ нашудааст.

“Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, – навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон.

Ин ниҳод гуфтааст, ки анъанаи дуои талаби борон ё намози истисқо аз замони Паёмбар Муҳаммад (с) омадааст.

Ба иттилои Идораи мусулмонҳои ҳамсоякишвар, дар солҳои бебориш, Паёмбар бо ҷамоат рӯ ба қибла меоварданд ва намози истисқоро мехонданд. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, фазилати ин намоз дар маҷмӯи ҳадисҳо муфассал оварда шудааст.

Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд.

Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.

Намози истисқо аз ду ракъат иборат буда, одатан бо ҷамоат хонда мешавад. Дар саҳроҳо ва масҷидҳо, бахусус пас аз намоз ва ҳангоми хутбаи ҷумъа, хондани дуои борон маъмул аст. 

Қаблан, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон барои боридани борон гӯсфандро қурбонӣ карда буданд. Сокинони он мегӯянд, баъди ин, чанд рӯз борон борид, вале ин вазъи ҷиддии хушксоливу беобиро ҳал накард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио