Марги 3 шаҳрванди Чин дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон 3 шаҳрванди Чин, ки гуфта мешавад, кормандони ширкати маъдантозакунии “Шоҳин СМ” дар ноҳияи сарҳадии Шамсиддин Шоҳин будаанд, ба ҳалокат расидаанд.

ВКХ Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки “ҳамлаи мусаллаҳона шаби 26-уми ноябри соли 2025 аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон сурат гирифт”.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак анҷом шудааст.

“Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”, – омадааст дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.

Ин ниҳод бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум карда, аз мақомоти феълии Афғонистон (ҳукумати Толибон*) “барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя" даъват ба амал оварадаст.

Маълум нест, ки ин ҳамла мушаххас аз сӯи кадом гурӯҳ, ки дар Афғонистон мустақар аст, сурат гирифтааст. Вокуниши ҳукумати Толибон ҳам дар робита ба ин ҳамла ҳоло номаълум аст.

Қаблан Радиои Озодӣ навишта буд, ки баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд. Гурӯҳе аз онҳо аз марз гузашта, вориди Тоҷикистон гашт ва боздошт шуданд. 

Ҳамчунин, ин расона навишта буд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар сарҳад бо Афғонистон ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла шуд. Дар натиҷа як шаҳрванди Чин кушта, панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Ҳамчунин чанд дафъа пас аз пешравии ширкатҳои истихроҷи вобаста ба “Толибон” ва тағйири маҷрои дарёи Ому рух дода буд. Дар ин даргириҳо ҷонибҳо якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карда буданд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи "Толибон"-ро зиёд мекунад.

Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...