Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон бо ёрии ислоҳот метавонад сармоягузориро то 2 млрд доллар зиёд кунад

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкили “норасоӣ”-и сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дучор аст. Коршиносони Бонк бар ин назаранд, ки норасоӣ ба монеъаҳо дар муҳити тиҷорат, логистика ва маҳдудиятҳо дар сиёсат марбутанд, ки имкониятҳо баҳри густриши савдои хориҷӣ ва беҳбудаи ҳамгироии Тоҷикистон ба равандҳои байналмилалии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкили “норасоӣ”-и сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дучор аст.

Коршиносони Бонк бар ин назаранд, ки норасоӣ ба монеъаҳо дар муҳити тиҷорат, логистика ва маҳдудиятҳо дар сиёсат марбутанд, ки имкониятҳо баҳри густриши савдои хориҷӣ ва беҳбудаи ҳамгироии Тоҷикистон ба равандҳои байналмилалии иқтисодро кам мекунанд.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ дар кишвар метавонист ҳаҷми сармоягузорӣ ба кишварро ба андозаи 80% зиёд кунад, ки ба 1,5-2 млрд доллар баробар аст.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои имкониятҳои бузург барои афзоиши ҳаҷми савдо аст, лекин ин имконот то ҳол комилан истифода намешаванд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон қисмати зиёди имконоти савдоро аз даст медиҳад ва агар аз захираҳои дастрас беҳтар истифода мебурд, метавонист имконоти содиротии худро ба таври назаррас зиёд кунад.

Ғайр аз ин, дар гузориш беҳтар намудани бозори кор ва баланд бардоштани устувории равнадҳои корӣ дар кишвар, инчнуин зарурати беҳбуди робитаҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва бозори меҳнат зикр шудааст, ки ба бештар пурсамар кардани истифодаи тахассуси қувваи корӣ имкон медиҳад.

Мутахассисони Бонк бар ин назаранд, ки ин тадбирҳо ҳамроҳ бо ислоҳоте, ки ба беҳбуди муҳити корӣ равона шудааст, метавонанд маҳсулнокиро ба таври назаррас баланд карда, рушди иқтисоди Тоҷикистонро ҳавасман созанд ва ин дар навбати худ, фоидаи дарозмуҳлати иқтисодӣ меорад.

Дар гузориш маълумоти нави махсус дар стаҳи корхонаҳо истифода шудааст, ки ба нигоҳи нав дар масъалаи маҳсулнокӣ, сабаб ва миқёси мушкилоти монеъаҳо дар роҳи рушди он, инчунин имконоти кишвраҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳанд. Ин маълумот натиҷаҳои зиёда аз 40 млн мушоҳидаро дар сатҳи корхонаҳои соҳаҳои гуногун, ки давоми солҳои 2008-2023 дар ҳамаи 16 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузаронида шудаанд ба тартиб меоранд ва аз хадамоти миллии омор, мақомоти андоз ва манбаъҳои иловагӣ гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.