Тоҷикистон дар соли 2026 мехоҳад зиёда аз ним миллиард доллар қарзашро баргардонад

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда ният дорад, кии ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ (548 млн доллар)-ро ба хидматрасонии қарзи асосии хориҷии кишвар равона кунад. Дар ин хусус дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2026” сухан меравад. Аз ин маблағ беш аз 3,3 млрд сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳудуди 1,8 млрд сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда ният дорад, кии ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ (548 млн доллар)-ро ба хидматрасонии қарзи асосии хориҷии кишвар равона кунад. Дар ин хусус дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2026” сухан меравад.

Аз ин маблағ беш аз 3,3 млрд сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳудуди 1,8 млрд сомонӣ бар баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯи созишномаҳои қарзи фаръӣ ҷудо мешаванд.

Дар хидматрасонии қарзи хориҷӣ ширкатҳои зерин иштирок мекунанд:

– ҶСК «Барқи точик» — 1 млрд 553 млн сомонӣ;

– КВД «Обу корези Душанбе» — 10 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» — 6 млн сомонӣ;

– ҶСК «Помир энержи» — 10 млн сомонӣ;

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» — 84 млн сомонӣ;

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» — 80,2 млн сомонӣ.

– КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — зиёда аз 11,4 млн сомонӣ.

Барои баргардонидаи қарзи дохилӣ ба маблағи зиёда аз 473 млн сомонӣ дар буҷети соли 2026 маблағгузории ҳудуди 152,6 млн сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Пардохти боқимонда 320,4 млн сомонӣ аз ҳисоби даромадҳои амонати Вазорати молия дар Бонки миллии Тоҷикистон ва даромадҳо аз фурӯш ва иҷораи амволи бонкҳои барҳамхӯрдаи кишвар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки ба моликияти давлатӣ табдил ёфтаанд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2026 ҳукумат ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 6,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 678 млн доллар) қарзҳо ҷалб намояд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 37 млн долларро ташкил медиҳад, ки 151 млн доллар ё худ 4,7% камтар нисбат ба аввали ҳамин сол аст.

Ҳудуди 95,5% (қариб 2,9 млрд доллар) дар сохтори қарзи беруна ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Қарзҳо бо кафолати давлатӣ каме бештар аз 138 млн долларро ташкил медиҳанд.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он зиёда аз 700 млн доллар қарздор аст. Тоҷикистон ба маблағҳои нисбатан зиёд ҳамчунин ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ қарздор мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.