Нуҳ ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam 2025” ширкат мекунанд

Asia-Plus

Дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ, ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Ин яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими имсола ба ҳисоб меравад.

Дар ин чорабинии варзишӣ, наздики 400 варзишгар аз 52 кишвар ширкат карда, дар 14 вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон мубориза мебаранд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқот ба таври зайл аст:

– Меҳрзод Сӯфиев – дар вазни то 60 кг;

– Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев – ҳарду дар вазни то 73 кг;

– Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода – ҳарду дар вазни то 81 кг;

– Абдулаҳад Маҷидов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода – ҳарду дар вазни то 90 кг;

– Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов – ҳарду дар вазни то 100 кг.

Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза ба даст меоранд.

Иштирок дар "Abu Dhabi Grand Slam" марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими 2026 ва мусобиқаҳои интихобии давраи нав маҳсуб меёбад. Ин мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузиҷаҳониро қабул кардааст, баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13 -уми  октябр дар шаҳри Абузабӣ баргузор шуд, се нишон – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд.

 

Барномаи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”:

28-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

29-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

30-юми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...