“Истиқлол” дар бозии ҷавобӣ ҳам аз “Ан-Наср” шикаст хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар рақобат бар муқобили тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ба бохти калон рӯ ба рӯ гардид. Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “D” сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳои “Ан-Наср”-ро Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане […]

Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар рақобат бар муқобили тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ба бохти калон рӯ ба рӯ гардид.

Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “D” сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳои “Ан-Наср”-ро Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.

Сараввал, Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ дар дақиқаи 12-ум аз ҷаримаи 11-метра ё пеналтӣ ҳисобро боз кард. Баъдан 5 дақиқа қабл аз поёни қисми аввали бозӣ Муҳаммад Симакан бори дуввум ба дарвозаи “Истиқлол” гол зад.

Садио Мане дар дақиқаи 84-ум бори сеюм ва Айман Яҳё дар дақиқаҳои иловагӣ (90+2) маротибаи чаҳорум дарвозаи истиқлолро рахна кард.

Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан – Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст. Тақдири роҳхати дуюми гурӯҳи “D”  баъди анҷоми бозиҳои даври охир муайян мешавад.

Бодя гуфт, ки "Истиқлол" дар бозии қаблӣ аз "Ан-Наср" бо ҳисоби 5:0 мағлуб гашта буд. Ин дидор моҳи сентябр дар шаҳри Риёз баргузор гардид.

“Истиқлол” дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 24-уми декабр дар сафар бо “Гоа” мубориза мебарад. Дар ҳамин рӯз “Ан-Наср” дар майдони худ “Аз-Завра”-ро қабул мекунад.

Ягона имкони “Истиқлол” барои баромадан аз гурӯҳ пирӯзӣ дар баробари “Гоа” ва умед бар он аст, ки “Ан-Наср” дар рақобат бо “Аз-Завра” шикаст нахӯрад. Фарқияти голҳо (-7) вазъро душвор мегардонад, аммо тавозуни нерӯҳо ба "Истиқлол" имкон медиҳад, ки ба гирифтани роҳхати марҳилаи ҳазфӣ умедвор бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.