Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* ба ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, ки боиси кушта шудани се шаҳрванди Чин шудааст, вокуниш кардааст.
Ин ҳамла, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шуда, қароргоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҳадаф қарор гирифтааст.
Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, Вазорати хориҷии Толибон ҳамла ба коргарони чинӣ дар Тоҷикистонро маҳкум ва дар робита ба кушта шудани се нафар ба Тоҷикистону Чин ибрози ҳамдардӣ кардааст. Ба қавли Толибон, ин ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Аммо Толибон аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурдаанд.
Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон гуфтааст, ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки барои муайян кардани омилони ин ҳодиса, табодули иттилоъ ва арзёбии муштарак омодаи ҳамкорӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон пас аз хабар додан аз ин ҳамла ва ибрози нигаронӣ аз он ва баъди вокунишу изҳори омодагӣ барои таҳқиқ аз сӯйи Толибон, то ҳол муфассал чизе нагуфтаанд. Мақомоти Чин ҳам то ҳол ба ин ҳамла вокуниши расмӣ накардаанд.
Баъзе ҷузъиёти ҳамла
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ дар мақомоти Тоқикистон баъзе аз ҷузъиёти ин ҳамларо ошкор кардааст.
Манобеи ин расона гуфтанд, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шудааст ва дар шифохонаи марказии шаҳри Кӯлоб бистарист. Ба қавли мақомот, ки нахостаанд, номашон бурда шавад, сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр ба аёдати шаҳрванди кишвараш омадааст. Ҷасади қурбониёни ҳамларо аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд, то аз онҷо ба ватанашон интиқол диҳанд.
Радиои Озодӣ менависад, кушташудагон аз 30 то 45-сола будаанд ва ба қавли мусоҳибони он, тири зиёде хӯрдаанд.
“Таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва ба гуфтаи манбаъҳо, ки баъди ҳодиса бо дастури сафири Чин коргарони боқимондаи чинӣ дар корхонаи “Шоҳин СМ” воқеъ дар дараи Зарбуз дар соҳили рӯдхонаи Панҷ ба Душанбе баргаштаанд”, – навиштааст ин расона.
Аммо дар ин маврид мақомоти Тоҷикистон ё Сафорати Чин дар Душанбе расман изҳори назар накардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар бораи ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон рӯзи 27-уми ноябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфт, он шаби 26-уми ноябр ба бошишгоҳи кормандони ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамла бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум карда, аз мақомоти феълии Афғонистон (ҳукумати Толибон) даъват кардааст, ки барои таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя тадбирҳои муассир андешад.
“Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”, – изҳор дошт ин ниҳод.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам нагуфтаанд, ки ин ҳамла мушаххас аз сӯи кадом гурӯҳ, ки дар Афғонистон мустақар аст, сурат гирифтааст.
Як намояндаи Покистон ҳам ҳамларо маҳкум кард
Бояд гуфт, ин ҳамларо як мансабдори Покистон ҳам маҳкум кард. Муҳаммад Содиқ, намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон дар фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ ин ҳамларо “буздилона”, “террористӣ” ва “таҳдиди ҷиддӣ” аз хоки Афғонистон хондааст.
Ӯ гуфтааст, истифода аз паҳподҳои мусаллаҳ дар ин ҳодиса “шиддати таҳдид” ва “ҷасорати омилон он”-ро нишон медиҳад, ки аз хоки Афғонистон фаъолият мекунанд.
Муҳаммад Содиқ илова кардааст, ки Покистон “ҳамчун ҳамсояе, ки борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористии барномарезишуда аз сарзамини Афғонистон шудааст” дарду ранҷи Тоҷикистону Чинро дарк мекунад ва “дар ин ғам шарик аст”.
“Истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи ҳузури онҳо таҳти сарпарастии режими Толибон мояи нигаронии ҷиддии тамоми минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст”, – навиштааст ӯ.
Ӯ “иқдомоти амалӣ ва қобили ростозмоӣ алайҳи омилон, пуштибонҳо, мусоидаткунандагон ва маблағгузорони гурӯҳҳои террористиро, ки аз хоки Афғонистон амал мекунанд, ягона роҳи рафъи ин хатари рӯзафзун” донистааст.
Ёдовар мешавем, ки Чин яке аз сармоягузорони тарҳҳои истихроҷи маъдан ва зербиноии Тоҷикистон аст ва чанде аз ширкатҳои чинӣ дар манотиқи кӯҳистонии наздикии марз бо Афғонистон фаъолият мекунанд. Ва ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамла аз хоким Афғонистон зарар мебинанд. Бинобар маълумоти дар расонаҳои Афғонистон нашршуда, соли гузашта ҳам як шаҳрванди Чин дар ҳамлаи мушобеҳ дар ин минтақа кушта шуда буд.
Тоҷикистон борҳо аз афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар марзҳояш пас аз ба қудрат баргаштани Толибон дар соли 2021 ҳушдор додааст.
Ҳарчанд Душанбеи расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи "Толибон"-ро зиёд мекунад.
Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.


