Дар фурудгоҳи Душанбе низоми худкори вуруд ва таваққуфи воситаҳои нақлиёт ба кор даромад

Дар ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” низоми муосири назорати худкор (автоматӣ)-и вуруди воситаи нақлиёт ва танзими таваққуфгоҳ ба кор даромад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, роҳандозии чунин низом ба фароҳам сохтани шароити бароҳат барои мусофирон ва ронандагон, инчунин пешниҳоди хидматрасонии муосир ба меҳмонон ва сайёҳони кишвар равона […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” низоми муосири назорати худкор (автоматӣ)-и вуруди воситаи нақлиёт ва танзими таваққуфгоҳ ба кор даромад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳандозии чунин низом ба фароҳам сохтани шароити бароҳат барои мусофирон ва ронандагон, инчунин пешниҳоди хидматрасонии муосир ба меҳмонон ва сайёҳони кишвар равона шудааст.

“Ғайр аз ин, навгонӣ ба пешгирии фаъолияти таксиҳои ғайриқонунӣ ва иҷрои талаботи ИКАО (Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ) дар мавриди таъмини амнияти парвозҳо мусоидат мекунад”, – гуфтанд дар маркази матбуот.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе барои гуселу пешвози муосирон минтақаҳои махсус сохта шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи май дар фурудгоҳи Душанбе вуруд барои шахсоне, ки барои гусел ё пешвоз меоянд, манъ шуд.

Гуфта мешуд, ин мамнуъият бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ амалӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.