Дар масҷидҳои Тоҷикистон дар намози ҷумъа бо талаби борон дуо карданд

Имрӯз, 28-уми ноябр, зимни хондани намози ҷумъа, дар аксар масоҷиди Тоҷикистон намозгузорон бо талаби борон дуо кардаанд. Чанде аз намозгузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар масҷиди марказӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба намозгузорон гуфтааст, ки дуои талаби борон барои баракат, ҳосили фаровонии замин ва осоиштагии мардум хонда мешавад. Даҳҳо намозгузор аз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 28-уми ноябр, зимни хондани намози ҷумъа, дар аксар масоҷиди Тоҷикистон намозгузорон бо талаби борон дуо кардаанд.

Чанде аз намозгузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар масҷиди марказӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва муфтии кишвар ба намозгузорон гуфтааст, ки дуои талаби борон барои баракат, ҳосили фаровонии замин ва осоиштагии мардум хонда мешавад.

Даҳҳо намозгузор аз масоҷиди дигари пойтахт ҳам гуфтанд, ки бо талаби бориши борон дуо кардаанд.

Пештар аз ин Шӯраи уламои Ӯзбекистон ҳам эълон карда буд, ки дар масоҷиди ин кишвар намози дастаҷамъии талаби борон хонда мешавад.

Ин ниҳоди кишвари ҳамсоя навишт, ки дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани мавсими тирамоҳ  пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо хонда  мешавад. Уламои кишвари ҳамсоя аз шаҳрвандонаш, ки дар умраанд низ хост, то намози истисқо хонанд.

Ҳамчунин, таъкид шуда буд, ки дар баъзе масоҷиди кишвари ҳамоя чорво низ қурбонӣ мекунанд.

Намози истисқо аз ду ракаат иборат буда, одатан бо ҷамоат хонда мешавад. Дар саҳроҳо ва масҷидҳо, бахусус пас аз намоз ва ҳангоми хутбаи ҷумъа, хондани дуои борон маъмул аст.

Қаблан, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон барои боридани борон гӯсфандро қурбонӣ карда буданд. Сокинон гуфта буданд, ки баъди ин, чанд рӯз борон борид, вале ин вазъи ҷиддии хушксоливу беобиро ҳал накард.

Бояд зикр кард, ки хушксолӣ ва адами боришот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол бештар мушоҳида мешавад. Имсол баъзе аз кишварҳо гуфтанд, ки бо сабаби боришоти кам дарёҳову обанборҳо хушк шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.