Тоҷикистон аз “Толибон” хост, ҳамлагаронро дастгир кунанд. КДАМ кушта шудани ду роҳсози чиниро дар Дарвоз шарҳ дод

Date:

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) бо пахши як изҳорот гуфт, ин ҳодиса тахминан соати 18:45-и бегоҳи 30-юми ноябр рух дода, “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон ба кормандони ширкати роҳсозии "China Road and Bridge Corporation" дар деҳаи Шодаки ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд”.

Дар пайи ҳамла, ду шаҳрванди Чин ба ҳалокат расида, 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

Қушунҳои сарҳадӣ гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кардааст, ки барои таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳо дастдошта тадбирҳои муассири саривақтӣ андешад.

“Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуданд”, – омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар хабаргузории "Ховар" нашр шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва кишварҳои хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад. Мушаххас кадом чораҳо чизе гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ин ниҳоди вобаста ба КДАМ илова крадааст, ки ҳоло вазъ дар сарҳади давлатӣ ором ва таҳти назорати мақомоти дахлдори Тоҷикистон буда, таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар идома дорад.

Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳамла аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистон аст, ки дар пай кушташудаҳо дорад. Ҳамлаи якумро рӯзи 27-уми ноябр ВКХ Тоҷикистон расонаӣ кард ва гуфт, ҳамла ба бошишгоҳи коргарони корхонаи "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

Дар изҳороти имрӯзаи Нерӯҳои марзбонӣ низ ин ҳодиса ишора шудааст:

“Айнан чунин амали террористӣ рӯзи 26 ноябри соли ҷорӣ 2025 аз ҳудуди вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки дар натиҷаи он 3 корманди ширкати "Шоҳин-СМ" аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳалокат расида, як нафар захмӣ гардид”.

Пас аз як рӯз ВКХ-и Толибон* ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на "Толибон" аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.

Пештар аз ин, Эрон ва Покистон ҳам ин ҳамларо маҳкум карда буданд.

Дар пайи ин ду ҳаводис, субҳи имрӯз, 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор карда, ин ҳамлаҳоро шадидан  маҳкум ва ба масъулин дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ҳамлаи якум, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон берун оянд. Хабаргузории “Рейтерз” дар такя ба сафорати Чин дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, Чин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳодисаро пурра таҳқиқ кунанд.

Тафсилоти бештари ҳодисаро дар ин матлаб мутолиа кунед: “Барои эҷодӣ бесуботӣ ҳамла шудааст”. Вокуниши Толибон ба ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...