Дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Амирхон Муттақӣ сӯҳбати телефонӣ кардааст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар пайи ҳамлаҳо ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ва кушта шудани 5 шаҳрванди Чин, ҳукумати Толибон* аз суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати худ дар Афғонистон хабар дод.

Дар иттилоияи ВКХ-и ҳукумати Толибон, ки имрӯз, 2-юми декабр нашр шуд, омадааст, ки ин гурӯҳ омодагии худро ҷиҳати таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва тақвияти амнияти марзӣ изҳор медорад.

Амирхон Муттақӣ ҳамкориҳои муштаракро барои суботи минтақа зарур донистааст.

“Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд", – омадааст дар иттилоияи ин гурӯҳ. Аммо аз ҳеҷ гурӯҳ ё ҳалқае дар изҳороти Толибон ном бурда нашудааст.

Дар идома Амирхон Муттақӣ куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, онро таассуфовар хондааст.

Бар асоси изҳороти Толибон, Сироҷиддин Муҳриддин аз таҳкими ҳамоҳангии марзӣ ҳимоят карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон барои беҳтар кардани муносибатҳо ҷонибдори таомули мусбат аст.

Ҳарду вазир тавофуқ карданд, ки робитаҳои мунтазам байни нерӯҳои марзӣ, кумитаҳои муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва нишастҳои техникӣ идома ёбад, то минтақа шоҳиди эътимоди мутақобила ва суботи бештар бошад.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин гуфтугӯ то кунун изҳори назар накардааст.

Пас аз 4 соли ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон, бори аввал аст, ки гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи ду кишвар расонаӣ мешавад.

Ин суҳбати телефонӣ дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи гузашта дар ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.

ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфта буданд, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Баъди вуқуъи ин ҳамлаҳо, рӯзи 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба масъулин дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...