Манбаъ: Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб аз зиндон озод шуд

Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки 12 сол ҳукми зиндон гирифта буд, пас аз 5 сол ба озодӣ баромадааст. Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, номбурда ҳудуди ду ҳафта пеш озод шудааст. Як манбаи дигари мо бо тасдиқи ин хабар гуфт, Иноятзода “шартан ва пеш аз муҳлат” ба озодӣ баромадааст, аммо […]

Asia-Plus

Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки 12 сол ҳукми зиндон гирифта буд, пас аз 5 сол ба озодӣ баромадааст.

Дар ин бора наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, номбурда ҳудуди ду ҳафта пеш озод шудааст.

Як манбаи дигари мо бо тасдиқи ин хабар гуфт, Иноятзода “шартан ва пеш аз муҳлат” ба озодӣ баромадааст, аммо сари чанд вақт мақомотро аз ҳузури худ дар маҳалли зисташ огоҳ мекунад.

Мақомот то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Баҳром Иноятзода моҳи июни соли 2020 боздошт ва моҳи ноябри ҳамин сол ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора дар ҳаҷми калон, азхудкунии молу мулки ба зиммааш гузошташуда, қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.

Он вақт наздикони ӯ гуфта буданд, ки Иноятзода ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, бегуноҳ аст.

Баҳром Иноятзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар соли 2019, раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли 2020, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010”-ро танқид кард.

Ӯ рӯзи боздошташ бо фармони раисҷумҳури кишвар аз мансаб барканор шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.