Раиси пешини Кӯлоб 12 сол зиндон шуд

Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ имрӯз содир шуд. Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додраси ин парванда буд. Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд.  Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани […]

Asia-Plus

Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ имрӯз содир шуд. Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додраси ин парванда буд.

Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ мешуд. 

Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: суистифода аз ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора дар ҳаҷми бузург; аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда; қаллобӣ; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешуд.

Ба ҷуз Баҳром Иноятзода чор нафари дигар низ дар ин парванда шомил буданд. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ дар нисбати онҳо чи ҳукме содир кардааст. Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов  ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 буданд.

Баҳром Иноятзода  то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллӣ буд.Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард ва ӯро яке аз "Хоҷа Аҳрорвалиҳои нав" гуфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.