КМО Тоҷикистон вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад

Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон чораҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, клубҳо, варзишгарон ва мураббиёнро тақвият медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, КМО ҶТ аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад. Гуфта мешавад, дар робита ба ин, бо […]

Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон чораҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, клубҳо, варзишгарон ва мураббиёнро тақвият медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, КМО ҶТ аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин, бо сарпарастии Ҳамбастагии олимпӣ 1-20 ноябр дар Душанбе барои 120 нафар, аз ҷумла аъзои кумитаҳои иҷроияи федератсияҳои миллӣ, роҳбарон ва кормандони маъмурии федератсияҳои миллӣ, шахсони масъул ба қабули қарорҳо ва намояндагони варзишгарон силсила-семинарҳои серӯза баргузор кард.

Дар ҷараёни доир кардани семинарҳо аз ҷониби КМО ҶТ маълумоти муҳим доир ба ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва омӯзишии мубориза бо допинг дар варзиш мувофиқи Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 ва меъёрҳои байналмилалии Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) пешниҳод шуд. Ҳамчунин механизми ҳамоҳангӣ оид ба пешгирии истифодаи допинг дар варзиш ва риояи талаботҳои Кодекс-2021 ва муқаррароти байналмилалии WADA коркард шуд, аз ҷумла:

– қабул кардани қоидаҳои зидди допинги федератсияҳои миллӣ;

– таҳия ва тақсим кардани барномаҳои омӯзишии мубориза бо допинг;

– ҷорӣ кардани қоидаҳои интизомии федератсияҳои миллӣ.

Яъне тибқи талаботи WADA дар баробари Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои миллии варзишӣ низ бояд қоидаҳои зидди допинги дохилиро таҳия ва қабул кунанд. Ин амал боис мегардад, ки сатҳи огоҳии варзишгарон оид ба допинг ва оқибатҳои истифодаи он баланд гардад ва обрӯю эътибори кишвар дар арасаи байналмилалӣ ҳифз карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.