Раиси парлумони Туркия дар Тоҷикистон. Ӯ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ кадом масоилро баррасӣ кард?

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2-юми декабр, бо Нуъмон Куртулмуш, раиси парлумон (Маҷлиси миллӣ)-и Туркия мулоқот анҷом дод. Дар ин дидор, ки дар Душанбе сурат гирифт, ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои ду кишварро дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, муносибатҳои фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид шудааст, ки ду кишвар “имконият доранд, дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд”.

Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) аз воситаҳои муҳими тавсеаи робитаҳои ду ҷониб гуфта шудаанд.

 

Музокироти васеи байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия

Нуъмон Куртулмуш ҳамчунин, бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ низ дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои дафтари шаҳрдорӣ, дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин, нақши калидии парлумонҳои ду кишвар таъкид шуда, рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни Тоҷикистону Туркия муҳокима шудаанд.

“Муколамаи мунтазами сатҳи олӣ ва тамосҳои сиёсӣ ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд”, – навиштааст шаҳрдорӣ.

Ҳамчунин, бо иштироки Рустами Эмомалӣ ва Нуъмон Куртулмуш музокироти васеи байнипарлумонӣ доир шудааст.

Дар музокирот гуфта шудааст, ки имрӯз дар самтҳои гуногун 80 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар мавриди амал қарор дорад.

Равобити иқтисодиву тиҷорӣ аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ шуда, рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату истеҳсолот, аз ҷумла саноати нассоҷӣ ва коркарди алюминий, фарматсевтӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ зарур шуморида шудаанд.

“Инчунин, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли шарбатҳои табиӣ, намаки ошӣ, хушконидани маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи фанновариҳои нави соҳа аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд”, навиштааст дафтари шаҳрдорӣ. 

Ҳамчунин, аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ барои мардуми ду кишвар таъкид шуда, заминаи муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангӣ унвон гирифтааст.

Бояд гуфт, Нуъмон Куртулмуш, раиси парлумони Туркия дирӯз, 1-уми декабр вориди Тоҷикистон шуд ва субҳи имрӯз дар назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо нишони арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик гулчанбар гузошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...