Бонки осиёии рушд барои татбиқи се лоиҳа ба Тоҷикистон $95,2 миллион грант медиҳад

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, барои дарёфти ин маблағ имрӯз, 2-юми декабр, дар Душанбе миёни ин ниҳод ва Бонки осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ имзо шудаанд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст. Созишномаҳоро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи мазкур барои […]

Asia-Plus

Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, барои дарёфти ин маблағ имрӯз, 2-юми декабр, дар Душанбе миёни ин ниҳод ва Бонки осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ имзо шудаанд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.

Созишномаҳоро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои зерин ҷудо мегардад:

– “Барномаи беҳтар намудани  муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имкониятҳои шуғли сабз” – 50,0 млн доллар (барои дастгирии буҷет);

– “Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо” –28,2 млн доллар;

– “Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ” – 17,0 млн доллар;.

 

Ба иттилои Вазорати молия, мақсади ин лоиҳаҳо дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, густариши бозори суғурта ва беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо дар Тоҷикистон аст.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2018 иқтисоди Тоҷикистонро танҳо дар шакли кумаки бебозгашт дастгирӣ мекунад.

Аз ҷумла, БОР соли 2022 ба Тоҷикистон ба сифати кумаки бебозгашт 221 млн доллар, соли 2023-юм 80 млн доллар ҷудо карда, соли гузашта ихтисос додани 240 млн доллар грантро дар нақша дорад.

Аз соли 1998 Бонк барои Тоҷикистон зиёда аз 180 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар дар шакли грант маъқул донист. 

Ҳудуди 34% аз ин кумак ба соҳаи нақлиёт, 24% – ба энергетика, 12% – ба идоракунии давлатӣ, 11% – ба бахши кишоварзӣ ва қисмати боқмонда – ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва зерсохтори шаҳр рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.