Расонаҳо: “Толибон” ду нафарро дар робита ба ҳамла ба чиниҳо дар Тоҷикистон боздошт кардаанд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба як намояндаи ҳукумати Толибон* навиштаанд, ки мақомоти ин гурӯҳ дар пайванд ба ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ду танро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯи фармондеҳии амнияти "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, ин ду нафар рӯзи душанбе аз вулусволии Моймии ин вилоят дастгир гардидаанд. Ин намояндаи ҳукумати Толибон дар мавриди ҳувияти боздоштшудаҳо иттилое надодааст.

Ин минтақаест, ки ба навиштаи мақомоти Тоҷикистон, аз он ҷо ба роҳсозони чинӣ дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамла шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки шоми 30-юми ноябр анҷом шуд, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ду кас кушта ва 2 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ҳамаи онҳо шаҳрвандони Чин ҳастанд.

 

Сафорати Чин аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад

Дар ҳамин ҳол, дар пайи куштори 5 шаҳрванди Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон, Го Чжизюн, сафири ин кишвар дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва Фарҳод Камолзода, муовини аввали раиси КДАМ "ба таври фаврӣ" тамос гирифтааст.

Ба иттилои Сафорати Чин, намояндаи дипломатии ин кишвар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ "ҳамаи чораҳои заруриро андешанд".

Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон "ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шаҳрвандони Чинро ба шиддат маҳкум карда", гуфтааст, ки "ба талаботи ҷониби Чин аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва чораҳои амниятиро фавран тақвият хоҳад дод, то амнияти корхонаҳо ва шаҳрвандони чинӣ ба таври комил ҳифз гардад".

Дар як ҳафтаи охир ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба иттилои расмӣ, дар пайи он 5  шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.

Баъди вуқуъи ин ҳамлаҳо, рӯзи 1-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба масъулин дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Ҳамчунин, дирӯз Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон расман дар мавриди ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз хабар дода, аз “Толибон” хост, ҳамлагаронро дастгир кунанд.

Ин ниҳод, ҳамлаи мазкурро кори “аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номид ва гуфт, "Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони худ ва кишварҳои хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад. Мушаххас кадом чораҳо чизе гуфта нашудааст.

Дар бораи ҳамлаи якум рӯзи 27-уми ноябр ВКХ Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳод гуфт, дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон ба бошишгоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

Пас аз як рӯз ВКХ-и ҳукумати Толибон ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на "Толибон" аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи ҳамлаи якум, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон берун оянд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...