Қурбониёни обхезиҳо дар Тайланд, Индонезия ва Шри-Ланка ба беш аз 1 ҳазор нафар расид. Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардӣ кард

Дар пайи обхезиҳои пайдарпай, ки бар асари боришоти зиёд дар Индонезия, Тайланд ва Шри-Ланка рух дод, зиёда аз 1 ҳазор нафар ҳалок шуда, садҳо кас бе ному нишон ва бедарак гардидаанд. Дар ин бора "The Guardian" хабар дода, навиштааст, ки "ин офати табиӣ яке аз харибиовар барои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад". Ба иттилои манюаъ, […]

Asia-Plus

Дар пайи обхезиҳои пайдарпай, ки бар асари боришоти зиёд дар Индонезия, Тайланд ва Шри-Ланка рух дод, зиёда аз 1 ҳазор нафар ҳалок шуда, садҳо кас бе ному нишон ва бедарак гардидаанд. Дар ин бора "The Guardian" хабар дода, навиштааст, ки "ин офати табиӣ яке аз харибиовар барои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад".

Ба иттилои манюаъ, вазъи душвортарин дар ҷазираи Суматраи Индонезия ба миён омадааст, ки дар он ҷо маҳаллаҳои аҳолинишин комилан зери об мондаанд. Ҳазорон хона тахриб шудаву даҳҳо пулҳо осеб диданд ва гузаштан аз садҳои километр роҳҳо ғайриимкон аст, ки амалиёти наҷотдиҳӣ ва башардӯстонаро душвор месозад.

Ин расона бо истинод ба мақомоти расмӣ менависад, аз ҷумла, дар Индонезия 593 кас ҳалок шудаанд. Вале ба иттилои "Reuters", дар Индонезия 604 нафар ҳалок шуда, боз 464 тан бе ному нишон шудаанд. Дар Шри-Ланка бар асари обхезӣ 366 нафар ва дар Тайланд – 176 кас ба ҳалокат расидаанд.

Дар иртибот ба ин ҳаводис, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 1-уми декабр ба сарони кишварҳои осебдида – президенти Индонезия Прабово Субианто, шоҳи Тайланд Маха Вачиралонгкорну (Рама X) ва президенти Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияҳои изҳори тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияҳо дар робита ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар ин кишварҳо ҳамдардӣ изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил хост.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.