Тоҷикистонро дар “Tokyo Grand Slam 2025” 6 ҷудокор намояндагӣ мекунанд

Asia-Plus

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио дар соли 2025 Тоҷикистонро 6 паҳлавон муаррифӣ мекунад. Ин мусобиқа рӯзҳои 6 ва 7-уми декбар дар шаҳри Токиои Ҷопон доир мешавад. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст.

Ҳайати Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио:

– Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов ҳарду дар вазни то 66 кг;

– Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг;

– Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг;

– Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг;

То 1-уми декабри соли равон барои иштирок дар мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб мешаванд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр баргузор шуда буд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҷудокорони дигар, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар ин мусобиқа бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик дар“Tokyo Grand Slam 2023” медал ба даст оварда натавониста буданд. Он замон ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...