Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе чанд кӯдакистон ва як мактаби бачагонаи мусиқиро ба истифода дод

Asia-Plus

Имрӯз, 3-юми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Душанбе 8 кӯдакистон барои 1900 кӯдак ва як мактаби бачагонаи мусиқӣ ба номи Абдуфаттоҳ Одинаевро ба истифода дод.  

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, мактаби бачагонаи мусиқӣ барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.    

“Муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд”- навиштааст манбаъ.

Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. 

Ҳоло дар бинои нави мактаб, “шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ ва сурудҳои академиву фалак иборат аст”.

Ҳоло дар муассиса 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд ва 25 омӯзгор ба кор ҷалб шудаанд. 

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт 8 кӯдакистони хусусӣ барои 1900 кӯдакро ба истифода дод.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансур кӯдакистони хусусии “Ватанпарвар”-ро ба истифода дод, ки аз ҷониби соҳибкор Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар кӯдакистон барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор ҷалб шудааст.

Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад.

“Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид”, – гуфтааст хадамоти матбуотии президент.

Кӯдакистони дигаре, ки имрӯз ба истифода дода шуд, “Гулистон” ном дошта, аз ҷониби соҳибкор Манучеҳр Каримзода бунёд ёфтааст.

Ин кӯдакистон аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, корҳои сохтмонии он соли 2023 оғоз гардида, беш аз 70 кас бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин шуданд.

Дар бинои навбунёди кӯдакистони Гулистон 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ҳоло 53 омӯзгор ва “парастори соҳибтаҷриба” бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсӣ Кӯдакистони хусусии байналмилалии инноватсионии “Басбӣ”-ро ба истифода дод.

Он аз сӯи соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Муассиса аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

“Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад”, – гуфтааст хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур дар пойтахт сохтмони 98 муассисаи томактабии дигар идома дорад.  

Тибқи иттилои расмӣ аз аввали сол то ба имрӯз дар пойтахт 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...