Ҳушдори коршиносон аз коҳиши маблағгузорӣ барои вокуниш ба ВНМО

Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти ҷиддитарин дар вокуниш ба ВНМО дар даҳсолаҳои охир рӯбарӯ шудааст. Гузориши ЮНЭЙДС ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ 2025 – “Барҳам додани душвориҳо, табдил додани чораҳои вокуниш ба БПНМ” ҳушдор медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳони кумаки берунӣ дар соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2023 тақрибан 30–40% коҳиш ёфтааст. Ин коҳиши ногаҳонӣ […]

Варақаи иттилоотии ЮНЭЙДС

Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти ҷиддитарин дар вокуниш ба ВНМО дар даҳсолаҳои охир рӯбарӯ шудааст. Гузориши ЮНЭЙДС ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ 2025 – “Барҳам додани душвориҳо, табдил додани чораҳои вокуниш ба БПНМ” ҳушдор медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳони кумаки берунӣ дар соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2023 тақрибан 30–40% коҳиш ёфтааст. Ин коҳиши ногаҳонӣ пешгирӣ, табобат ва хидматрасониҳои ба ҷомеа ироашавандаро дар бисёр кишварҳои дорои даромади паст ва миёна ноустувор кард. Оқибатҳои манфӣ дар ҳамаи кишварҳо дида мешавад, махсусан дар кишварҳое, ки вокуниши онҳо ба ВНМО бо ҳамбастагии ҷаҳонӣ вобастагии зич дорад.

Тоҷикистон яке аз чунин кишварҳост. Тақрибан 60% вокуниши он ба ВНМО аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад ва то аввали соли 2025 панҷяки ин маблағҳо аз ҷониби ҳукумати Амрико (PEPFAR) меомад. Коҳиши ногаҳонӣ ва бошиддат низоми вокуниши миллиро осебпазир гузошт. Хидматрасониҳое, ки мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазир, ба онҳо такя мекарданд, ҳоло зери хатаранд. Моделсозӣ (пешгӯии) мутахассисони маҳаллӣ нишон медиҳад, ки коҳиши маблағгузории беруна ба 10–20% метавонад боиси афзоиши ҳолатҳои нави сироят то 135% ва афзоиши марг то 5% гардад. Пешрафтҳову дастовардҳои солҳои пеш метавонанд зуд зери хатар қарор гиранд.

Аҳамияти ин масъала махсусан баланд аст, зеро пешрафти Тоҷикистон, гарчанде ки воқеӣ бошад ҳам, ноустувор боқӣ мемонад. Фавти марбут ба ВНМО аз соли 2020 ду баробар коҳиш ёфтааст. Дар соли 2025, ҳукумат бо ҷудо кардани маблағҳои дохилӣ барои хариди 10% доруҳои зиддиретровирусӣ қадами муҳим гузошт. Дар кишвар роҳхаритаи устувории вокуниши ВНМО ва Барномаи нави миллии ВНМО таҳия шудаанд. Ин нишонаи иродаи қавӣ ва пешбарии давлат мебошад. Аммо агар гузариш ба сӯи устуворӣ маҷбурӣ, хеле зуд ё бидуни дастгирӣ сурат гирад, бе муваффақият мемонад. Қатъи ногаҳонии кӯмаки байналмилалӣ метавонад норасогиҳои муҳимро боқӣ гузорад, ки буҷетҳои миллӣ онҳоро зуд пур карда наметавонанд.

Ин хатар барои созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон ба одамоне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, одамоне, ки аз маҳбас озод мешаванд, оилаҳои муҳоҷир, заноне, ки бо хушунати гендерӣ рӯбарӯ мешаванд ва сокинони минтақаҳои дурдаст хадамот мерасонанд, аз ҳама бештар зоҳир мешавад. Ташкилоти ҷамъиятӣ на танҳо хидмат мерасонанд, балки боварӣ ва эътимодро низ фароҳам меоранд, ки дар шароите, ки 97% занони мубталои ВНМО мақоми худро пинҳон мекунанд ва 64% онҳо аз табъиз, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббӣ, хабар медиҳанд, хеле муҳим аст.

Дар вокуниши ВНМО ҷомеъаҳо як унсури изофагӣ нестанд; онҳо дар маркази вокуниш қарор доранд. Бидуни ҷомеъаҳо, гурӯҳҳои зиёде  дастрасӣ ба санҷиш, пешгирӣ ё табобат пайдо карда наметавонанд. Аммо маҳз хизматрасониҳои ҷомеавӣ аз коҳиши маблағгузорӣ зарар диданд. Гурӯҳҳои ҷомеавӣ дар саросари кишвар фаъолияти худро маҳдуд карда истодаанд ва дар баъзе ҳолатҳо омодаанд барномаҳоро пурра қатъ кунанд. Аз даст рафтани ин хизматрасониҳо барои ҳазорон нафар оқибатҳои фаврӣ ва барои мубориза бо эпидемия оқибатҳои номатлуби дарозмуддат хоҳад дошт.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вақте ки давлат, низоми ҷомеа ва шарикони рушд дар ҳамбастаги фаъолият мекунанд, пешрафт имконпазир аст. Барои нигоҳ доштани дастовардҳо ва суръати мубориза, кишвар ба барномаҳои устувори пешгирӣ ниёз дорад, аз ҷумла: коҳиши зарар, рифолаҳо, пешгирии пеш аз тамос (PrEP) ва хизматрасониҳои ба ҷавонон нигаронидашуда, ва ҳамзамон ба таҳкими чораҳои ҷомеавӣ ва ҳамгироии бештар. Маблағгузории дохилӣ бояд ба таври пешбинишаванда мунтазам афзоиш ёбад. Бояд эътироф кард, ки дастгирии байналмилалӣ наметавонад якбора нопадид шавад. Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ заруранд, зеро тамға, табъиз ва қонунҳои ҷазодиҳанда то ҳол ба муроҷиати мардум барои кӯмаки тиббӣ монеъ мешаванд ва эпидемияро шадидтар мегардонанд.

Бӯҳрони ҷаҳонии маблағгузорӣ як ҳушдор аст: пешрафт ҳеҷ гоҳ хамчун кафолат дода намешавад. Инчунин, он ёдраскунандаи чораҳои муфиқ мебошад. Сармоягузорӣ ба ҷомеаҳо, пешгирӣ, табобат ва эътирофи ҳуқуқи инсон ҳаети одамонро наҷот медиҳад. Тоҷикистон омода аст Роҳхаритаи вокуниши устувор ба ВНМО ва Барномаи милли муқовимат ба ВНМО-ро қадам ба қадам амалӣ гардонад, аммо он наметавонад ин амалро бе дастгирӣ анҷом диҳад. Шарикони байналмилалӣ бояд дастгирии худро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва сиёсӣ  таъмин намоянд, то гузариш ба вокуниши устувори миллӣ ҳам муваффақ, ва ҳам бехатар бошад.

Аз байн бурдани эпидемияи БПНМ дар Тоҷикистон имконпазир аст. Ҳоло ҳамбастагӣ, ӯҳдадорӣ ва азму ирода барои таъмини кафолат заруранд, то ки пешрафт дар лаҳзаи муҳим аз даст наравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.