Як вакили Думаи Русия мехоҳад, ки созишномаи душаҳрвандӣ бо Тоҷикистон бекор карда шавад

Asia-Plus

Михаил Делягин, муовини раиси Думаи давлатии Русия дар самти сиёсати иқтисодӣ дар як номаи худ ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, ки созишнома байни Русия ва Тоҷикистон “Дар бораи танзими масоили душаҳрвандӣ” бекор карда шавад, менависад “Газета.Ru”.

Ин вакил дар номааш гуфтааст, созишнома ҳадафи аввалиндарҷаи худро аз даст дода, ба “муҳоҷирати сифаташ паст” мусоидат мекунад.

Делягин шарҳ додааст, ки ҳадафи созишнома, кумак ба Тоҷикистон ҷиҳати барқарор шудани вазъи пас аз ҷанг ва таъмини шаҳрвандони дорои фарҳанги русӣ дар қаламрави Русия пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Русия ва боқӣ мондани шаҳрвандии пешинаашон нигаронида шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, ин мақсадҳо аллакай ҳосил шуданд ва созишнома дигар муҳиму рӯзмарра нест.

Ғайр аз ин, ба таъкиди вай, иҷрои созишнома ҳуқуқи дигар давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистонро, ки ба ин монанд созишномаҳо надоранд, поймол мекунад.

“Боқӣ мондани амалкарди ин созишнома муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия бо мақсади дарёфти шаҳрвандии Русия таҳрик медиҳад. Дар натиҷа, муҳоҷират на он қадар хусусияти корӣ, балки бештар иҷтимоӣ (то ҳолатҳое, ки баъзеҳо пас аз гирифтани нафақаи Русия ба ватан бармегарданд) ва ивазкунанда пайдо мекунад”.

Ин сарбории изофӣ ба низоми таъминоти иҷтимоии Русия боис гардида, мувозинати этникӣ ва конфессионалии дар Русия шаклгирифтаро вайрон мекунад, сатҳи ҷинояткориро меафзояд, ба ташаккули низомҳои мувозии ҳокимият мусоидат намуда, мақоми давлати Русияро дар чашми ҳам шаҳрвандони нави он ва ҳам “пешина”-аш паст мекунад ва дар натиҷа — ба афзоиши ғайриқобили қабули шиддати иҷтимоию сиёсӣ оварда мерасонад”, – гуфтааст Делягин.

Қаблан Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” (Русияи боадолат) хориҷ намудани банди Конститутсияи Русияро дар бораи имкони доштани душаҳрвандӣ пешниҳод карда буд.

“Вақти он фаро расидааст, ки интихоб намоед – бо кадом кишвар сарнавишти худро мепайвандед”, – изҳор дошта буд Миронов.

Қобили зикр аст, ки Русия танҳо бо як кишвар – Тоҷикистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ дорад. Шартнома дар бораи танзими масоили душаҳрвандӣ, ки моҳи сентябри соли 1995 ба имзо расида буд, ба шаҳрвандони ҳарду кишвар имкон медиҳад, ки дар як вақт ҳам шаҳрвандии Русия ва ҳам Тоҷикистонро дошта бошанд.

Зимнан, Сергей Лавров,вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ рӯзи 19-уми феврали соли ҷорӣ гуфта буд, ки шартномаи мазкур байни Русия ва Тоҷикистон “дар таъмини асосҳои муътамади иттифоқчигии ду кишвар нақши муфид мебозид ва ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯ аст”.

“Шартнома амал мекунад ва он муфиду баробарҳуқуқ аст ва албатта, ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, зеро онҳо инҷа нисбатан зиёданд, лекин манфиатҳои шаҳрвандони Русияи муқими Тоҷикистонро низ ифода мекунад, чунки ҳар як шаҳрванд барои мо азизу гиромӣ аст”, – иброз дошта буд ӯ.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...