Мулоқоти раисҷумҳури Русия бо фиристодаи Амрико дар бораи тарҳи сулҳ дар Украина бидуни созиш ба анҷом расид

Мулоқоти Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ИМА ва Ҷаред Кушнер, соҳибкори америкоӣ ва домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи тарҳи сулҳи ИМА дар робита ба хотима додани ҷанг дар Украина натиҷаи чашмрасе надодааст. Ин мулоқот шоми дирӯз, 2-юми декабр дар Маскав қариб панҷ соат давом кардааст ва соати 00:30 ба вақти […]

Мулоқоти Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ИМА ва Ҷаред Кушнер, соҳибкори америкоӣ ва домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи тарҳи сулҳи ИМА дар робита ба хотима додани ҷанг дар Украина натиҷаи чашмрасе надодааст.

Ин мулоқот шоми дирӯз, 2-юми декабр дар Маскав қариб панҷ соат давом кардааст ва соати 00:30 ба вақти Маскав ба анҷом расид. Тибқи иттилои BBC, он тақрибан соати 19:30-и бегоҳ – қариб се соат дертар аз вақти эълоншуда оғоз шуда буд.

Як рӯз пеш Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки "ҳама чиз аз ин музокирот вобаста аст". Владимир Путин қабл аз оғози музокирот изҳороти шадидтаре кард, ки кишвараш алоқае ба ҷанг бо Аврупо  надорад, аммо агар онҳо ба дунболи ҷанг бошанд, Русия ҳам комилан омода аст.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, пас аз мулоқот бо президент, Стив Виткофф ба сафорати ИМА дар Маскав рафт.

Дар баробари Владимир Путин, ҷониби Русияро ёвари президент Юрий Ушаков ва Кирилл Дмитриев, директори Фонди сармоягузории мустақими Русия намояндагӣ карданд.

Кирилл Дмитриев дар шарҳи кӯтоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мулоқоти Виткофф, Кушнер ва Путинро самаранок номид.

Пас аз мулоқот Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия мулоқотро "созанда, муфид ва пурмазмун" номида, ба рӯзноманигорон гуфт, ки баъзе пешниҳодҳои ҷониби Амрико қобили қабул ба назар мерасанд, аммо "бояд онҳо ҳоло ҳам муҳокима карда шаванд", – менависад "Интерфакс".

Ӯ изҳор дошт, ки ҷонибҳо якчанд гузинаи ҳалли масъаларо “муфассал” баррасӣ кардаанд, аммо ҳанӯз ягон созиш ба даст наомадааст.

Юрий Ушаков дар хусуси бандҳои баррасишудаи тарҳи сулҳ, махсусан масъалаҳои ҳудудӣ шарҳе надода, гуфтааст, “Русия бидуни онҳо роҳи берун рафтан аз бӯҳронро намебинад".

Ба таъкиди ӯ, ба ғайр аз тарҳи сулҳи ИМА Русия боз чор ҳуҷҷати иловагии дигар барои ҳалли вазъият дар Украина гирифтаанд ва ҳамаи онҳо дар мулоқот баррасӣ шуд.

"Мо ибораҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро таҳлил накардем, балки моҳияти онҳоро муҳокима кардем. Мо омодаем, ки дар як қатор масъалаҳо ба мувофиқа бирасем. Президент инро тасдиқ кард. Мо баъзе ҷанбаҳоро танқид кардем ва ӯ инчунин нигаронии худро нисбат ба баъзе пешниҳодҳо ошкоро изҳор кардем", – шарҳ дод Юрий Ушаков.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб омадагии худро ҷиҳати идома додани ҳамкорӣ барои нақшаи сулҳ тасдиқ карданд ва тамосҳо дар сатҳи ёварон ва намояндагон идома хоҳанд ёфт.

"Ҳоло ягон варианти созиш барои ҳалли осоишта вуҷуд надорад, аммо баъзе ғояҳои амрикоӣ нисбатан қобили қабул ба назар мерасанд ва ба муҳокимаи минбаъда ниёз доранд. Ҳамчунин формулаҳое ҳастанд, ки барои мо комилан қобили қабул нестанд. Кор идома хоҳад ёфт", – гуфт ӯ.

Ӯ дар робита ба мулоқоти президентони Русия ва ИМА гуфтааст, ки “ин аз пешрафте, ки дар роҳи ҳалли масъала ба даст меояд, вобаста хоҳад буд”.

Қарор аст Стив Виткофф ҷузъиёти ин дидорро дар Аврупо бо Владимир Зеленский матраҳ кунад.

Ёдовар мешавем, ки Амрико тарҳеро барои поён додани ҷанг дар Украина таҳия карда буд. Қаблан ин тарҳро Доналд Трамп ва Владимир Зеленский, раисҷумҳурони Амрико ва Украина дар Кохи Сафед баррасӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.