Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қабули асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публисистиро барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2026 оғоз кардааст. Қабули асарҳо то 25-уми декабри имсол идома мекунад.

Манбаъ мегӯяд, барои дарёфти Ҷоиза асарҳои меъмориву мусиқие, ки дар панҷ соли охир эҷод гардидаанд, ҳамчунин филмҳои синамоиву телевизионӣ, барномаҳои мусиқиву рақсӣ ва асарҳои публисистии дар се соли охир таълифшуда пешбарӣ мешаванд. 

Ба иттилои Кумита, ҷоиза дар бахшҳои зерин тақдим мешавад:

– адабиёт;

– театр ва синамо;

– мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ;

– санъати тасвирӣ ва меъморӣ;

– эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санхати тасвирӣ…);

– журналистика;

– ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамолики хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ).

Барои ҳар як бахш як ҷоиза тақдим мешавад.

 

Киҳо ҳаққи пешниҳод доранд?

Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мегӯяд, вазорату идораҳои давлатӣ, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, ҳамчунин, Академияи миллии  илмҳо ва иттифоқҳои эҷодӣ ҳаққи пешниҳоди асарҳоро доранд.

Манбаъ мегӯяд, дигар муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, донишгоҳу донишкада, бунёду нашриёт ва муассисаҳои марбута ба воситаҳои ниҳодҳои дар боло зикршуда метавонанд пешниҳоди худро манзур кунанд.

 

Шеваи пешбарӣ чӣ гуна аст?

Кумита менависад, ҳангоми пешниҳоди асарҳо мактуби расмӣ бо имзои роҳбар ва пахши муҳри идора ё ташкилот ҳатмӣ буда, бояд номи асари пешниҳодшаванда бо санаи интишор ё намоиши аввал, ному насаби муаллиф, унвонҳо ва ҷоизаҳои қаблии ӯ бояд зикр шавад.

Ҳамчунин муҳтавои асари довталаб ва арзиши бадеии асар бояд дар мактуб шарҳ ёфта бошад. Ба иттилои манбаъ, замимаи ҳуҷҷатҳои зерин низ зарур аст:

– қарори ҳайати мушовараи вазорат, кумита ва раёсати иттифоқи эҷодии пешбарикунанда;

– суратмаҷлиси муҳокимаи ҳайати мушовара ё раёсати ташкилот бо нишондоди натиҷаи овоздиҳии пӯшида ва суратмаҷлиси шӯрои бадеӣ ё илмии он;

– тақризҳо;

– нишонии зисти довталаб;

– зиндагиномаи довталаб;

– 2 акси довталаб дар ҳаҷми 9×12.

Манбаъ мегӯяд, дар бахши адабиёт ва журналистика 10 нусхаи асари пешниҳодшуда дар шакли китоб ва ё маҷалла ба таври бебозгашт супорида мешавад.

Дар бахши театр бошад, шакли сабтшудаи намоиш бо рӯйхати нақшофарон ва матни асар бояд пешниҳод гардид.

Дар бахши синамо филмнома ва сабти видеоии филм пазируфта мешавад.

Пешниҳоди нотаҳо, сабти овозӣ ва наворҳои ҳунарӣ дар бахши мусиқӣ талаб карда мешавад.

Дар бахши санъати тасвирӣ бошад, асарҳо дар шакли асл ва ё нусхаи онҳо дар шакли албом пешниҳод бояд шавад.

Албоми тасвирҳои гуногуни иншооти бунёдшуда, лоиҳаи комил, аксҳои композитсионӣ ва шарҳи хаттии ғояи асосии онҳо дар бахши меъморӣ пешниҳод мегардад.

Талабот дар бахшҳои эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон ва ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ низ вобаста ба навъи асар чун меъёрҳои дар боло зикршуда аст.

Агар асарҳои эҷодиёти гурӯҳӣ пешниҳод шаванд, бояд дар бораи ҳар як муаллиф маълумоти алоҳида оварда шавад. Кумита мегӯяд, шумораи номзадҳо дар ин гуна асарҳо набояд беш аз 8 нафар бошад.

Гуфта мешавад, ки як номзад имкон надорад бо ду асари худ ё беш аз он барои ҷоиза довталабӣ кунад.

Барои супоридани асарҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳамчунин гирифтани маълумоти иловагӣ ба қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8 воқеъ аст, муроҷиат бояд кард. Инчунин тамос тариқи рақамҳои 907759797 низ имконпазир аст.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1963 таъсис ёфтааст, дар он замон мӯътабартарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Вале бархе соҳибназарон мегӯянд, ҳоло обрӯи ҷоиза баръакс батадриҷ пойин рафт. Он ҳамасола ба асарҳои арзишманди саршиностарин чеҳраҳои адабиву мусиқӣ ва ҳунар тақдим мешавад.

Ҳоло ин ҷоиза дар ду сол як маротиба дода мешавад. Маблағи ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар буда, маъмулан дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мегардад.

Аз ҷумла, соли гузашта, Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик ҳамроҳи 7 таҳиякунандаи филми “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...