“Сари роҳи тобутро гирифт”. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мард барои даъво дар ҷанозаи ҳамдеҳааш

Мақомот дар Данғара алайҳи як мард, ки гуфта мешавад, сари роҳи тобути ҳамдеҳаашро гирифта, даъвои пардохти қарз кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар дода, гуфтааст, ки ин моҷаро рӯзи 20-уми октябр дар ҷанозаи як сокини 72-солаи ноҳияи Данғара рух додааст.  “…марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия овозаи бардурӯғ бароварда, ки гуё марҳум […]

Мақомот дар Данғара алайҳи як мард, ки гуфта мешавад, сари роҳи тобути ҳамдеҳаашро гирифта, даъвои пардохти қарз кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар ин бора ВКД хабар дода, гуфтааст, ки ин моҷаро рӯзи 20-уми октябр дар ҷанозаи як сокини 72-солаи ноҳияи Данғара рух додааст.

 “…марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия овозаи бардурӯғ бароварда, ки гуё марҳум аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ қарздор буда, сари роҳи тобуташро гирифта, ин маблағро гирифтааст”, – гуфтааст ин ниҳод.

ВКД аз тарафҳо ном набурдааст. Танҳо гуфтааст, ки дар асоси аризаи писари 40-солаи марҳум бар зидди 62-сола бо гумони “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” (моддаи 250 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи ин иттиҳом, ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Назари гумонбар дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.

Маъмулан дар ҷанозаҳо қабл аз адои намози ҷаноза бар майит имом аз мардум пурсон мешавад, ки агар марҳум аз касе қарздор бошад, бо далел муроҷиат кунанд, то наздиконаш онро падохт намоянд. Ҳамчунин, касе аз майит қарздор бошад, ба пайвандонаш баргардонад.

Гоҳо талаби қарз дар ҷаноза ба моҷаро мепечад. Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки мақомот аз шикоят дар ин маврид хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.