Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи марги Судайси 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка), Рухшона Исматуллоева, мудири ин кӯдакистон ба муҳлати 6 сол ва Боғигул Раҳимова, мураббияи писарбача ба 5 соли зиндон маҳкум шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ кӯдакони ноболиғ доштани ҳардуи онҳоро ба назар гирифта, иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандонашон мавқуф гузоштааст. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва тифли муррабӣ 3 сола мебошанд.

Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз мурофиаи додгоҳӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфт, ки ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир кардааст. Вале маълум нест, ки ин ҳукм кай содир шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Рухшона Исматуллоева бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: моддаи 209, қисми 2 бандҳои “а”, “б” (Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) ва моддаи 36 қисми 2-323  (Шарикони ҷиноят) гунаҳкор дониста шуд..

"Бо қарори додгоҳ, тибқи моддаи 209 Исматуллоева 5 сол ва дар асоси моддаи дуввум, 2 соли дигар аз озодӣ маҳрум гардид. Бо татбиқи моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбати Рухшона Исматуллоева 6 сол таъин гарид", – гуфт манбаъи мо.

Ӯ ҳамчунин, аз ҳаққи ишғоли мансаб ва машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ, тарбия ва инкишофи ноболиғон ва ҳар фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғон аст, 4 сол маҳрум карда шудааст.

Додгоҳ бо ба назар гирифтани кӯдаки 3-моҳаи Исматуллоева иҷрои ҳукми ӯро то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзандаш ба мавқуф гузоштааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Боғигул Раҳимова, муррабӣ бо моддаи 175 қисми 2 банди “б” (амале, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги кӯдак шуд) гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 5 сол ба зиндон маҳкум шудааст. Ӯ низ аз ҳаққи ишғоли мансаб ва машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ, тарбия ва инкишофи ноболиғон ва ҳар фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғон аст, 4 сол маҳрум карда шудааст.

Додгоҳ бо ба назар гирифтани фарзанди 3-солаи номбурда иҷрои ҳукми ӯро то ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки ноболиғаш мавқуф гузоштааст. 

Назари ҳарду маҳкумшуда дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест. 

Бояд гуфт, марги Судайси 2-сола дар моҳи майи соли ҷорӣ дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и пойтахт дар пайи аз панҷараи ошёнаи дуюми рахти хоб овезон шудан, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд. 

Қаблан Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кули кишвар гуфта буд, ки дар пайи марги писарбача дар кӯдакистон алайҳи 5 нафар – аз ҷумла ду корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот дар шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ кор мекардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф кишвар дар робита ба ин қазия гуфта буд, ки изоҷатномаи фаъолияти кӯдакистони хусусӣ аввали соли ҷорӣ ба анҷом расида, он дар ин муддат ғайриқонунӣ фаъолият мекардааст. 

Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар матлаби “Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...