Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд

Дар яке аз кӯдакистонҳои хусусии пойтахт писарбачаи 2-сола ҳалок шуд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 19 май рух додааст: кӯдак дар панҷараи ошёнаи 2-юми рахти хоб овезон шуда, ба ҳалокат расидааст. Мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки муррабӣ дар вақти хоби рӯзона кӯдаконро танҳо гузошта, вақти рух додани ҳодиса […]

Asia-Plus

Дар яке аз кӯдакистонҳои хусусии пойтахт писарбачаи 2-сола ҳалок шуд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 19 май рух додааст: кӯдак дар панҷараи ошёнаи 2-юми рахти хоб овезон шуда, ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти тафтишот муайян кардаанд, ки муррабӣ дар вақти хоби рӯзона кӯдаконро танҳо гузошта, вақти рух додани ҳодиса дар ҳуҷраи хоби кӯдакон ҳузур надоштааст.

Мақомоти милитсия ва додситонии ноҳияи Сино зани 29-солаи корманди кӯдакистони ҶДММ “Саволу ҷавоб”-ро барои “зоҳир намудани хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои худ” боздошт кардааст.

Нисбати зан мутобиқи моддаи 174 Кодекси ҷиоятии ҶТ (Иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ  то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтиш идома дорад.

Ин ҳодиса мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, волидон изҳори нигаронӣ мекунанд. Корбарон низ аз ҳаёту солимии кӯдакон изҳори нигаронӣ намуда, талаб доранд, ки назорат аз болои муассисаҳои томактабии хусусӣ шадидтар ва масъулияти кормандон қатъитар ба роҳ монда шавад.

Бисёриҳо савол медиҳанд, ки то чӣ андоза фаъолияти чунин кӯдакистонҳо самаранок танзим мешавад, оё онҳо иҷозатнома доранд, раванди аттестатсияи кормандон чӣ гуна мегузарад ва кӣ масъулияти амнияти кӯдаконро ба дӯш дорад.

Ин ҳодиса ба баҳси доманадор дар бораи вазъи низоми таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар бахши хусусӣ боис гардид. Ҷомеа интизори таҳқиқоти шаффоф ва роҳандозии тадбирҳои доимӣ барои пешгирии чунин фоҷиаҳо дар оянда мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.