Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд

Asia-Plus

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар посух ба онҳое, ки аз ҳузури муҳоҷирон ва соҳибтахассусу забондон набуданашон шикоят мекунанд, тавсия дод, ки ба даст ҷорӯб гирифта, ба ҷои муҳоҷирон ба тоза кардани кӯчаҳои Маскав бароянд. 

“Ман ба чунинин коршиносон тавсия медиҳам, агар ин қадар шавқманд ҳастанд, ҷорӯб ба даст гиранд ва бо диплому рисолаи доктории худ барои кор ба хиёбонҳои Маскав раванд. Ман фикр намекунам, ки онҳо ин корро кунанд. Пас кӣ ин корро мекунад? Яъне, мо  муҳоҷиронро бо дипломи олии касбӣ ҷалб кунем, ки ҷойҳои сокинони соҳибихтисоси Маскавро гиранд. Оё сокинони Маскав бо ҷорӯб кӯчаҳоро тоза мекунанд? Ман ин мантиқро намефаҳмам”, – гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ӯ дар як барномаи телевизионӣ рӯзи 3-юми декабр афзудааст, “Худоро шукр, ҳастанд муҳоҷироне, ки чунин кори сахт ва ихтисоси пастро ба уҳда мегиранд”.

Собянин илова кардааст, ки аз соли 2018 теъдоди муҳоҷирон дар Маскав тағйир наёфта, афзоиши густурдаи муҳоҷирон ҳам вуҷуд надорад.

Ҳамзамон, ӯ ба омори ВКД-и Русия такя карда, гуфтааст, бо вуҷуди афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ дар Русия “ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби муҳоҷирон коҳиш ёфтааст”.

"Шумораи ҷиноятҳои вазнин, аз қабили роҳзанӣ, куштор ва дуздӣ, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Роҳзанӣ 7,5 маротиба ва куштор 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Ҷинояте, ки аз ҷониби муҳоҷир содир шудааст, кадом аст? Бояд аввал инро ошкор кард, исбот кард ва сипас муайян кард, ки онҳо русҳо ё муҳоҷирон буданд. Дар айни замон, масоҳати Маскав ва аҳолии он афзоиш ёфтааст. Шумораи ҷиноятҳои хатарнок нисбати сокинон коҳиш ёфтааст", – гуфтааст Сергей Собянин.

Вале ӯ афзудааст, ки ин маънои онро надорад, ки "ҳама чиз хуб аст ва ҳама хушбахтанд."

Собянин изҳор доштааст, ки бо вуҷуди ин шаҳрдории Маскав ҷараёни муҳоҷиратро назорат мекунад.

Эътирофи заҳмати муҳоҷирон аз сӯи шаҳрдори Маскав дар ҳолест, ки дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида расида, мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷиронро бозбинӣ мекунанд. Дар бахшҳои хӯроки умумӣ, кишоварзӣ, логистика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба нерӯи ивазнашаванда табдил ёфтаанд. Зеро шаҳрвандони Русия намехоҳанд кори вазнин ва каммузд анҷом диҳанд.

Ин аст, ки вилоятҳо маҳдудиятҳое, ки қаблан барои муҳоҷирон дар кор дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ карда буданд, оҳиста -оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...