Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ

Искандар Шафеиён (Маликӣ), сардори пешини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва як духтараш заҳролуд шуда, фавтидаанд. Онҳо шаби гузашта, 7-уми декабр дар баъди итеъмоли хӯрок ҳалок шудаанд. Мушаххас онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд, маълум нест. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат бо "Азия-плюс" марги Шафеиён, ҳамсар ва […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Искандар Шафеиён (Маликӣ), сардори пешини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва як духтараш заҳролуд шуда, фавтидаанд. Онҳо шаби гузашта, 7-уми декабр дар баъди итеъмоли хӯрок ҳалок шудаанд. Мушаххас онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд, маълум нест.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат бо "Азия-плюс" марги Шафеиён, ҳамсар ва як фарзанди хурдсолашро тасдиқ кард. Вале гуфт, "тафтишот маълум мекунад, ки онҳо аз чӣ фавтидаанд".

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигари мо, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, аҳволи ҳамаи аъзои ин оила, аз ҷумла ҳамсару фарзандон ва модараш баъди хӯроки шом бад шуд ва то омадани табибон падару модар ва як фарзанд ҳалок шуданд, модар ва фарзанди дигари Искандар Шафеиён ҳоло дар шӯъбаи эҳёи бемористони Исфара бистарӣ мебошанд.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳоло маълум нест. Аз Раёсати тандурустии Суғд гуфтанд, ки тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати назорати давлатии санитарию эпидеологии вилоти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки хӯроке ки онҳо шом истеъмол карданд, барои ташхси ин ин ниҳод оварда шуда, натиҷаи он дертар эълон карда мешавад.

Ҷасади Искандар Шафеиён (Маликӣ), ҳамсар ва фарзандаш имрӯз, 8-уми декабр ба зодгоҳашон деҳаи Вешисти шаҳри Панҷекат бурда мешавад.

Номи Искандар Шафеиён замоне расонаӣ шуд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Баъдан алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз ва ӯро ҷаримаву аз вазифа озод гардид. Вақтҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.