Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саидвалӣ (Сайвалӣ) Ӯзбеков, собиқ вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон, муовини пешини раиси вилояти Хатлон ва соҳибкори замоне пурнуфузи тоҷик дирӯз, 8-уми декабр дар 65-солагӣ дар Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам чашм баст. Ҷасади ӯро имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Белайдузи Ҳисор ба хок супориданд.

Хабари марги ӯро, ки аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, пайвандонаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ муддате аз бемории қалб ранҷ мекашид ва дар бемористони Душанбе бистарӣ буд.

“Се рӯзи охир дар бемористони Ибни Сино хоб буданд, баъди зуҳри дирӯз ҷон доданд. Ҷанозаи марҳум намози пешини имрӯз дар деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор хонда шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Саидвалӣ Ӯзбеков, ки бо тахаллуси “Валӣ-класавчик” низ маъруф буд, зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор буда, дар замони Шӯравӣ техникуми савдо ва баъдҳо Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст.

Ӯро аз наздикони Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба "Нуралича", мудири анбори корхонаи шаробсозии Шаҳринав ном мебаранд. Ӯзбеков дар ин корхона то суқути Шӯравӣ мудири анбор буд ва аз афроди сарватмандтарини водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар оғози солҳои 1990 ширкати "Сойшира"-ро таъсис дод, ки дар ноҳияи Ҳисор як корхонаи бузурги тавлиди шароб сохта буд.

Саидвалӣ Ӯзбеков аз соли 1993 то 1998 муовини раиси вилояти Хатлон буд. Соли 1995 аз ҳавзаи интихоботии №38-и Ҳисор вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон (он замни парлумони Тоҷикистон аз як палата иборат буд) интихоб гашта, то соли 2000-ум вакил буд.

Аз соли 2001 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт ва чанд сол дар Дубай зиндагӣ мекард. Охири соли 2012 ба Душанбе баргашта, боздошт шуд.

Соли 2013 бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва тасарруфи моликияти давлат ба миқдори махсусан калон (моддаҳои 245 ва 289-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам шуд, вале “бо сабаби гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ” озод гардид.

Дар бораи фаъолияти ӯ пас аз ин ҳаводис маълумот нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...